Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Албатта, хиштчиниву андова хеле кори пурзаҳмат аст. Аммо панҷрӯдиҳо дар корҳои хиштчиниву андова ҳашар даъват мекунанд. Дар ҷойҳои мо ҳашар расми хубест, ки ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор ҷамъ шуда, корҳои пурзаҳмати соҳибхонаро ба таври дастаҷамъӣ дар як рӯз анҷом медиҳанд.
Баъд аз ин ҳама, устои чӯбкор вассаҳоро мечинаду боз ҳамдеҳагонро ҳашар даъват карда, бомро сиёҳпӯш мекунанд. Ва навбатро боз ба устои чӯбкор медиҳанд, то болои бомро пӯшонад. Дар гузашта, ки шифер набуд, болои бомро гилпӯш ме кардаанд, то ки об нагузаронад.
Хулоса, он тобистон ман ҳунари усто Раҳмонқулро тамошо карда, шоҳиди ҳунари муҳандисии хонасозии суннатии маҳаллӣ шудам ва ин ҷузъиётро ба он хотир ҳикоя кардам, ки расми хонасозии суннатии бобоӣ сабт бошад.
Мо ниҳоятан хонаро шиферпӯш кардем. Усто пас аз итмоми кор чанд рӯзе наомад. Як бегоҳ падарам аз амакам хоҳиш карданд, ки усторо бегоҳ ба хона даъват кунанд. Бегоҳ усто ҳамроҳи шогирдаш омад. Падараму амакам бо устову шогирдаш гирди дастархон барои хӯроки шом нишастанд. Модарам хӯроки шом ро ҳозир намуданд ва ман дастархончӣ будам.
Пас аз хӯрок, модарам ду бастаро, ки яке бузургтар ва дигаре хурдтар буд, ба ман доданд. Ман бастаҳоро ба хона даровар дам, ки амакам хеста, бастаи бузургтарро пеши устову он дигариро пеши шогирдаш бурда гузоштанд. Ба расми панҷрӯдӣ, ба усто сарупо ё ҷомаеро дар миёнбанд баста ҳадя мекунанд. Баргашта берун баромадам, ки модарам як бастаи хурдакакеро, ки ба рӯймолча печонида шуда буд, ба ман дода ишора карданд, ки инро ҳам бибарам. Баргашта он бастаи дохили рӯймолчаро пеши падар гузоштам. Падарам оромона рӯймолчаро боз карданд ва бандчаҳои пулро берун оварда:
– Хӯш, усто, ҳаққатона гӯед, чанд? - гуфта пурсиданд.
Усто:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё