Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рӯза бошад. Вале ноҳияҳои Панҷекату Айнӣ ва Масчо таърихан ҳамеша аз ноҳияҳои Самарқанд будаанд, ки дар натиҷаи «та бар тақсим»-и Шӯравӣ, онҳо тобеъи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-и Тоҷикистон шудаанду Самарқанд ба Ӯзбакистон расида аст.
Хонаҳои сокинони деҳа дар ёнаҳои ду тарафи дарё, ки батадриҷ боло меравад, то зери кӯҳдоман ҷойгир шудаанд. Пас аз хонаҳои охирин бевосита тали доманакӯҳ сар шуда, боло меравад ва ба кӯҳҳо мепайвандад. Ин доманакӯҳҳои кӯҳпайванд аз се тараф деҳаро мисли девор иҳота кардаанд. Ягона самти бедевори деҳа самти ғарбӣ буда, роҳи мошингарди деҳа низ аз он сӯст, ки деҳаро ба маркази ноҳия ва дунё мепайвандад. Деҳаро аз самти шимолу шарқӣ кӯҳи Офтобрӯя, аз самти шарқ кӯҳи Ковонаву Шерзод ва аз самти ҷануб кӯҳи Соя иҳота кардаанд.
Калонсолони деҳа ҳикоят мекарданд, ки дар гузашта гузарҳои Сойи Нова, Қалъаи Кӯҳна ва Уффор аз қисматҳои маскунии деҳа будаанд. Он замонҳо, аз сабаби он ки таъмини ғизо сахт будааст ва мардуми деҳа аз ҳар ваҷаби замини корам истифода мекардаанд, дар мавзеъҳои Сари Пулаку Пирӯзу Роҳи Боло ва Даҳани Ночу Сучоту Роҳи Таг хонаи истиқоматӣ намесохтаанд, зеро ин заминҳо барои кишт будаанд. Хонаҳояшонро дар ёнаву теппаҳо, ки камтар барои кишоварзӣ ба кор меомад, месохтаанд. Баъдтар, вақте колхоз дар даштҳои Марғедар замин кушод ва ба мардум низ аз он ҷо замин доданд, масъалаи кишти зироат ҳалли худро ёфт ва дар киштзорҳои пешина низ хона сохтаанд.
Дар ҳоли ҳозир тамоми ин гузарҳои деҳа маскунӣ гаштаанд.
За минҳои деҳа аз тариқи панҷ ҷӯй, ки сетояш аз болотари деҳа ва дутои дигар аз васати деҳа, аз рӯдхонаи Уреч об мегиранд, обёрӣ мешавад.
Он замон Панҷрӯд яке аз деҳаҳои колхози Рӯдакӣ буд. Колхоз истилоҳи русӣ буда, дар забони форсии тоҷикӣ низ истифода мешуд, ки маънояш хоҷагидории умумӣ ё ҷамъиятӣ аст.

пешина
аз 253
навбатӣ