Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОБОАШӮР

амаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон Рмерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷикис тон бармегаштанд. Роҳи баргашти онҳо аз даштҳои Дизак ба чарогоҳҳои Кӯли Калону Кӯли Аловуддин ва Искандаркӯл аз канори деҳаи мо мегузашт ва чанд рӯз дар кӯҳҳои атрофи деҳа таваққуф мекарданд ва мо баччаҳо ба назди онҳо сайри кӯҳ мерафтем. Як сол, вақте ман дар синфи 6 ё 7 мехондам, ин молҳо омаданду дар як мавзее бо номи Теғаи Малахгардон, ки дар кӯҳи Офтобрӯя аст, мечариданд. Ман ва чанд баччаи дигар, ки ба чӯпонҳои рама робита доштем, барои сайру тамошо ба сари он рама рафтем. Амаки Абдуҳомиди ман, сардор ва падари яке аз он баччаҳо – Бобоашӯр чӯпони ин рама буданд. Ин мавзеъ, ки дар баландӣ ҷойгир буд, дар фасли баҳор сабзу хуррам ва сайрбоб буд. Ғайр аз ин чӯпонҳо сагу хар доштанд, ки барои мо баччаҳо харсавориву бозӣ бо сагбаччаҳо хеле маъқул буд.
Дар деҳаи Панҷрӯд Субҳони Полвон ном марди нонвое буд, ки нонҳои хеле хушмаза мепухт, нонҳояш хурд, вале бисёр хуштаъм буд. Амаки хурдии ман – Абдулмаиз, ки ҳамроҳи мо мерафтанд, аз ин нонвойхона даҳ дона нон хариданду мо савораву пиёда озими кӯҳ шудем. Мо баъд аз нисфирӯзӣ расидем, ки рама аз чаро баргашта, дар атрофи қӯш хобида буд. Чӯпонҳо барои худашон чой омода мекарданд. Хӯроки чӯпонҳо асосан аз чойу нон иборат буд. Барои мо ҳам ҷой густурданд ва ҳама гирди як дастархон нишастем.
Ман дар мактаб шогирди аввал будам ва ҳама наздикон, аз ҷумла, амакҳову тағоҳоям, махсус дар назди дигарон, аз ман мепурсиданд, ки хонишам чӣ гуна аст ва баҳоҳоям чанданд.
Ман ҳам бо ифтихор мегуфтам, ки баҳоҳоям «панҷ»-анд ва онҳо бо ифтихор байни худашон ба ман таҳсин мегуфтанд, ки дар мактаб аз ҳама пешсаф ҳастам. Албатта, онҳо мехос-

пешина
аз 253
навбатӣ