Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Сатҳи дониши муаллимон низ на чандон баланд буд. Ёд дорам, дар синфи нӯҳум мо дарси алгебра мехондем. Мафҳумҳои синус, косинус, тангенс, котангенс ва мисли инҳо хеле ҷолиб садо диҳанд ҳам, ман дар ҳалли муодилаҳои онҳо ҳеч чиз наме фаҳмидам. Аслан китоби дарсӣ пур аз ин формулҳо ва кори мо онҳоро ба дафтарамон рӯбардор кардан буд. Ман чизеро, ки нафаҳмам, ба хотир гирифта наметавонам, вале агар мавзӯъ ба ман фаҳмо бошад, дигар ҳеч гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад.
Барои ҳамин боре аз муаллим, ки дар тахтаи синф менавишт, пурсидам:
– Муаллим, агар Шумо ба мо фаҳмонда диҳед, ки ҳамин мафҳумҳо чистанд ва чиро ифода мекунанд, мо мисолҳоро осон ҳал мекунем.
Муаллим дар як даст китоб, дар дасти дигар бӯр, ба сӯи ман баргашту гуфт:
– Агар ман медонистам, ҳамин ҷо омада муаллимӣ мекардам?
– Ин хел бошад, ман ҳеч гоҳ ин фанро ёд намегирам, - гуфтам ман.
– Метавонӣ нахонӣ, - гуфт муаллим ва ба навиштанаш дар тахта идома дод. Ӯ дигар ҳеч гоҳ аз ман чизе напурсид. Ҳа мин тавр, имкони зуҳури нобиғаи математикӣ дар ниҳоди ман пинҳон монд.
Албатта, омӯзгорони хубе ҳам доштем. Рӯзе муаллими адабиёт дар оғози дарс ба байни синфхона омада, бо табассуми роздор, дақиқае хомӯш ба мо нигоҳ карда истод. Баъд аз диққати ҳамаро ҷалб кардан, бо садои форам шеър хонд:
Омад бари ман,
Кӣ?
Ёр.
Кай?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё