Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин навишта бештар хосияти тарҷимаиҳолӣ дошта, аз мушоҳида ва хотираҳои муаллиф иборат аст ва қазоват дар бораи ҳодисаву воқеаҳо бештар ба ӯҳдаи хонанда гузошта шудааст.
Агар ҷое ҳам муаллиф ҷасорат ба қазоват карда бошад, кӯшиш кардааст инсофро риоят намояд. Саъй кардааст, ки дар баёни воқеаву ҳодисаҳо дақиқ бошад, хосса ҳамаи онҳое, ки дар бораашон ҳикоят кардааст, шахсони воқеӣ ва ба қавли Байҳақӣ, аксаран барҳаётанд, ки шоҳиди риояи инсофу ҳақ аз сӯи муаллифанд ва агар боз ҳам, аз фаромӯшхотирӣ, ҷое саҳве гузашта бошад, умедворам хонандагон ба инҷониб гӯшзад бикунанд, то дар нашрҳои оянда ислоҳ бишавад.
Ростӣ, агар муаллиф дӯсти азизеро ба номи Ҳасани Қарибӣ вонамехӯрд, шояд ҳанӯз ҳам дар таълифи ин китоб коҳилӣ мекард. Шоири борикбин ва адиби соҳибтаҷриба, шаҳрванди Эрон, устод Ҳасани Қарибӣ, агар дар аввал ҳамчун шаҳрванди кишвари хориҷӣ ба саволҳои худ ҷавоб меҷуста бошад, дар охир ба кори муаллиф рағбати беандоза пайдо кард ва бо саволҳояш дар пур кардани «шаш гӯшаи зеҳни хонанда» саҳми босазо гузошт. Роҳнамоиҳои ӯ дар банду басти китоб низ бениҳоят муфид будаанд. Инчунин, дар марҳалаҳои хастагиву рӯҳафтодагӣ, ки гоҳе бар асари шуғли рӯзмарраӣ, гоҳе бар асари ба ёд овардани ҳодисаҳои мудҳиш бар ин ҷониб чира мешуд, дастгиру ташвиқкунандаи банда ба идомаи кор будааст. Муаллиф барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ аз дӯсти азиз Ҳасани Қарибӣ бениҳоят сипосгузор аст.
Инчунин ҳангоми навиштани китоб аз нақду роҳнамоии устодон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдулқодири Рустам фаровон истифода шудааст, ки муаллиф ба ин устодони гиромиқадр мин натдории худро дар ҳамин ҷо арз мекунад.

пешина
аз 253
навбатӣ