Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳар чӣ хоҳӣ, барот меорем, пулаша акат медиҳад. Ҳатто, вақте ӯ китоб хостааст, барояш китоби «Горячий снег»-и Юрий Бондаревро овардаанд.
Рӯзи севум боз ҳам он нафар даромада, баъди саволу ҷавоби аввалӣ пурсидааст, ки «намоз мехонӣ?» Вақте Абдулҳаким гуфтааст, ки намоз намехонад, як зарбаи сахте ба шонааш задааст, ки мегуфт дардашро ҳанӯз ҳам ҳис мекунад. Ва гуфтааст, ки бояд намозхониро сар кунад. Абдулҳаким ба ӯ ҷавоб додааст, ки намозхонӣ бояд бо эътиқод сурат гирад, на бо дастур. Аввал бояд худоро шинохт, баъд ба ӯ саҷда кард. Агар худованд бинад, ки ман зери фишор ба намозхонӣ шурӯъ кардам, шояд ибодати маро қабул накунад. Ман он вақт намоз мехонам, ки худам эътиқод кунам.
Наузанбиллоҳ! Дузду ғоратгар тарғибкунандаи дину имон!
Абдулҳаким нақл кард, пас аз он, ки каме ором гирифтам, ба фикр афтодам. Фикр кардам, ки чӣ кор кунам. Ҳарфашонро гӯш кунам, мунтазир шавам, озодам мекунанд. Фикр мекардам, ки Абдухалил ба амният муроҷиат кардааст, маро озод карда метавониста бошад? Агар ман ҳам ба ҷои ӯ будам, ба мақомот арз мекардам. Якбора фикре ба сарам зад, ки агар ӯ ба ҷои ман буд, чӣ кор мекард? Ӯ ором наменишаст. Бале, коре мекард.
Чӣ кор мекард?
Даст ба сӯи занҷири пой бурдам, дидам, ки каме кушод буд, саъй кардам, берун наомад. Рӯи косаи хомшӯрбо равған ях баста буд. Онро гирифта пойро чарб кардам, занҷир поямро харошида баромад. Аз ҷой хеста, саройро аз назар гузарондам.
Девори семетрӣ дар қисми болояш қаблан равзанҳое доштааст, ки ҳоло бо лой баста шуда буд. Дар гӯшае як тӯда чигити пахта мехобид. Тахти оҳании шикастае дар замин буд. Онро ба девор рост карда, баромада дидам, ки он лой хушк ва сахт аст. Об!
Онро бо об тар карда, нарм кардан лозим. Об нест!

пешина
аз 253
навбатӣ