Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

қарз дор ҳам будам. Мошину хонаву ҳама бисотро фурӯхтан вақт металабад, вале он ҳам пули зиёде намешавад. Чӣ бояд кард? Аз кӣ ёрӣ пурсам?
Ягона касе, ки ба зеҳнам расид, Ҷон Стэд буд. Бегоҳ ба офис рафтам, то шаб ба Амрико занг зада, аз ӯ маслиҳат пурсам, бу бинам ёрие карда метавонад ё не? Вақте Ҷон аз қазия огоҳ шуд, гуфт:
– Мутмаин бош, мо дар канорат ҳастем, ҳатман ёрӣ мекунем, ман бо роҳбарият суҳбат карда, ба ту хабар медиҳам.
Пас аз суҳбат бо Ҷон каме дилпур шудам. Пагоҳ рафта, мебинам, ки командир чӣ мегӯяд, чӣ қадр поён мекунад? Тамоми имкониятро истифода мекунам, додарамро халос мекунам, ба он тарафаш худо подшост.

ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛҲАКИМ
АЗ ГАРАВГОН

з хастагиву бемадорӣ рӯи нимтахти офис сахт хобам Абурдааст. Аз садои тақ-тақи дар бедор шудам. Дарро кушода будам, ки Исмоил аз ҳаяҷон бо садои баланд:
– Абдулҳакимро милисаҳо оварданд, - гуфт.
– Кай? - фикр мекардам, хоб мебинам. Мағзам ҳанӯз бедор нашуда буд. Намефаҳмидам, ин ҳақиқат аст? Ё хоб?
Исмоил ба шаст аз зинаҳо поён рафт, бечора аз хурсандӣ ҷа ҳида-ҷаҳида мерафт. Саросема давида, ба кӯча баромадам.
Ӯ мошинашро мегардонд. Ман ба мошини худам нишастам, пасу пеш бо суръат ба ҳавлӣ шитофтем. Дасту поям меларзид.
Мағзамро гӯё туман фаро гирифта буд. Фикре ғайр аз «оварданд, оварданд» дар сарам набуд. Гоҳ гарм мешудам, гоҳ сард, гоҳ арақ мекардам, гоҳ хунук мехӯрдам. Вақте назди ҳавлӣ мо-

пешина
аз 253
навбатӣ