Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

на шуд. Вале барои алоқамандон он дар суроғаи: http://old.news.
tj/ru/newspaper/article/pyat-prichin-gubyashchikh-tadzhikskoebeloe-zoloto дар дастрас аст.

МАҲИННАХ

лбатта, кишвари ҳамсоя мушкил ва мушкилсозони ху- Адашро дошт, ки имрӯзҳо ошкор шуд. Воқеаи ҷолиберо аз ин навъ бихонед.
Парвариши пахтаи навъи маҳиннах фақат дар иқлими хос имконпазир аст. Ин навъ рӯзҳои офтобии бештар металабад.
Нахи ин навъи пахта нисбат ба навъҳои миёнанах дарозтару зарифтар буда, муқовиматаш ба кандашавӣ низ болост ва табиист, ки нархаш ҳам гаронтар аст. Сифати матоъҳои аз ин навъи пахта тавлид мешуда бамаротиб беҳтар аст.
Иқлими баъзе минтақаҳои Амрико ва Миср барои парвариши ин навъ мутобиқанд. Амрикоиҳо номи тиҷории ин навъи пахтаашонро Pima ва мисриҳо Giza меноманд. Баъзе ширкатҳои либосдӯзие, ки либосҳои гаронқимат медӯзанд, дар барчаспҳои либос бо ифтихор менависанд, ки матоъи он аз пахтаи навъи Pima ё Giza аст.
Дар ҷануби Тоҷикистон, иқлими ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Колхозобод, Шаҳртус ва Қубодиён барои парвариши пахтаи навъи маҳиннах мусоид аст. Он солҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5-6 ҳазор тон ҳамин навъи пахта истеҳсол мешуд. Ногуфта намонад, ки корхонаҳои тозакунӣ ва корхонаҳои ресандагии ин навъ низ технолоҷӣ ва таҷҳизоти дигаргун доранд.
Якчанд колхозе, ки мо маблағгузорӣ мекардем, аз ин навъи пахта парвариш мекарданд. Ҳар сол мо як миқдори маҳдуд аз ин навъи пахта низ содир мекардем ва харидорон доим ҳаҷми бештар дархост мекарданд.

пешина
аз 253
навбатӣ