Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Мо бо Комрон дар факултаи шарқшиносии донишгоҳ, ӯ дар шуъбаи забони арабӣ, ман – урду баробар хондаем. Вале баъди ба Ҳинд рафтани ман, Комрон як сол пеш аз ман Донишгоҳро хатм карда буд ва мо тақрибан ду-се сол ҳамдигарро надида будем. Комрон, фарзанди устоди фарзона Сорбон, фарди хеле орому ботамкин ва қобили эътимод аст. Дар тӯли ин солҳои душвор ҳамеша яке аз такягоҳҳои ман будааст ва умедворам, ки ман ҳам барояш чунин сифатро адо карда бошам.
Анбори яке аз корхонаҳои бузурги шаҳри Душанбе аз қисмҳои зарурии корхонаҳои пахтатозакунӣ пур буд, вале чун фармоишгари қаблияш дигар маблағгузорӣ намекард, ин маҳсулот рӯи дасташ монда буд. Ана ҳамин қисмҳои эҳтиётиро ман ба Комрон пешниҳод кардам, зеро раиси ин корхона аз мо хоста буд, ки маҳсулоташро бигирем ва қарзашро пеши ширкати «Барқи Тоҷик» соф кунем.
Вақте ман ба Комрон дар бораи миёнравиям байни «Барқи Тоҷик» ва корхонаҳо нақл кардам, Комрон аз ман хост, то қарзи колхозеро ҳам, ки бо онҳо кор мекард, дар назди «Барқи тоҷик»
пардохт бикунем. Ин кор барои мо аслан мушкил набуд. Ӯ дар хусуси қарзи он колхоз нома овард, мо ҳам ба «Барқи Тоҷик»
нома навиштем, то қарзи он хоҷагиро аз ҳисоби мо кам кунанд.
Ба ҳамин сурат, қарзи ин колхоз дар назди «Барқи Тоҷик» сифр шуд ва хоҷагӣ аз мо қарздор шуд.
Рӯзе Комрон боз ҳамроҳи раиси ҳамон колхоз ба наздам омада гуфт, ки вақти кишту кор асту маблағгузорӣ аз сӯи ширкаташон дер мешавад ва хеле хоҳиш кард, то барои колхоз маводи сӯхт бидиҳем. Дасти мо боз буд ва ба миқдори хостааш маводи сӯхт ҳам барояш додем. Ҳамин тавр, қарзи колхоз дар назди мо бештар шуд. Раиси колхоз ваъда медод, ки қарзи моро пардохт мекунад, вале чун пул надошт, наметавонист ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё