Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дар байни онҳо буд. Бо пошхӯрии Шӯравӣ хусусияти миёнравии давлат дар байни ин воҳидҳо аз байн рафта бошад ҳам, як муддат корхонаҳо бо инерсияи пешина аз ҳисоби захираҳои худ маҳсулот тавлид мекарданд, вале аз сабаби он, ки робитаҳо бо қабулкунандаҳо гусаста буд, маҳсулот дар анборашон монда буд ва шадидан ба миёнрав ниёз доштанд.
Як вақт ба муассисаи «Барқи Тоҷик» масолеҳи сохтмонӣ фу рӯх тем. Онҳо дар пардохт мушкил мекашиданд ва гуфтанд, ки дар рӯёндани қарзҳояшон аз корхонаҳо мушкил доранд.
Зеро он вақтҳо анбори корхонаҳо пур аз маҳсулот бошад ҳам, онҳо наметавонистанд онро мисли қабл ба Русияву Украина ва ҷумҳуриҳои дигар, ки ин маҳсулот барои онҳо тавлид мешуд, бифиристанд, робитаҳои иқтисодӣ гусаста буду бисёре аз он корхонаҳо ҳам аз кор монда буданд. Давлат ҳам дигар ҳазинаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла пули барқро пардохт намекард ва корхонаҳо дар назди «Барқи Тоҷик» қарздор шуда монда буданд. «Барқи Тоҷик» барои пардохти қарзаш ба мо нома дод ва мо ба ивази қарзи дар пеши мо доштааш, аз яке аз корхонаҳо маҳсулоти тайёрро гирифта, фурӯхтем ва ғайриинтизор фоидаи бештар ҳам ба даст овардем. Ҳамин тавр, ман ором-ором вориди ин навъи тиҷорат, яъне миёнравӣ барои пардохти қарзи барқи корхонаҳо ба ширкати «Барқи Тоҷик» шудам. Яъне, бар асоси дархости «Барқи тоҷик», мо молҳои мавриди ниёзи онро таъмин мекардем, ин муассиса пеши мо қарздор мешуд ва ба мо феҳристи корхонаҳои қарздорашро медод. Мо аз корхонаҳо рӯйхати молҳои мавҷудашонро мегирифтем ва пас аз омӯхтани талаботи бозор ба он молҳо, аз «Барқи Тоҷик» дархости нома барои ҳисоббаробаркунии сетарафа мекардем ва бар асоси ин нома маҳсулоти ин корхонаҳоро гирифта, ба фурӯш ва содироти он мепардохтем. Ин ҳамкорӣ миёни мо ва ин корхонаҳо, ки ғолибан корхонаҳои шаҳри Душанбе ва баъзе корхонаҳои Хуҷанд буданд, хеле дуру дароз ва пурмаҳсул идома кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё