Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
рашро дода бошанд. Дар Панҷрӯд баъзан ба навзодон номи бузургони фавтидаро медиҳанд. Ва баъд ба ӯ «додо», «бобо», «амак», «хола» гуфта муроҷиат мекунанд. Номи Оча шояд аз ҳамин қабил бошад.
Рӯзгори Очаву фарзандонаш хеле ба сахтӣ мегузашт. Ӯ дар бозори «Дӯстӣ» нонфурӯшӣ мекард ва нонвоӣ ҳар рӯз ҳаққи хизматаш ба ӯ ноне медод, ки буду шудаш ҳамин буд.
Фаррух аз ҷавонӣ майхорагиву дайдуӣ мекард. Он солҳо ӯ дигар ба нафарони дайду, ки дар хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд, пайваста буд ва дар ду-се рӯз як бор ба хонааш, он ҳам барои ҷанҷолу даъво меомад, мехост хонаро фурӯхта, сарфи арақу ғизои худашу ҳамкешонаш кунад. Фаррух бо дигар оворагардон аз қутиҳои партов барои рӯзгузаронӣ ғизо меёфтанду дар зерзамину рӯи боми хонаҳои мардум рустӣ зиндагӣ мекарданд.
Одатан, ин тоифа ба касалиҳои сироятӣ мубтало ё дар кашокаш ҳои авбошонаи кӯча талаф мешаванд.
Рӯзе Оча гирякунон ба офиси мо омада, арз кард, ки Фаррух чанд рӯз аст, ки нопайдост. Ва хоҳиш кард, ки дар ёфтани ӯ кумак кунам. Ман кормандам Исмоилро ба милисахонаи ноҳияи зисти онҳо фиристодам. Ба зудӣ маълум шуд, ки милисаҳо рӯзе пеш чанд мурдаи бесоҳибро аз сардхона бурда дар як гӯри умумӣ дафн кардаанд. Вале онҳо пеш аз дафн кардан аз ҷа садҳо акс бардошта будаанд. Исмоил Очаро ба милисахона бурд ва ӯ Фаррухро дар акс шинохт. Оча аз милисахона боз бо ашки шашқатор ба офис омада, зорӣ мекард, ки ёрӣ кунам, то ҷасади Фаррухро аз он қабри ҳамагонӣ берун биёранд ва ӯ онро ҷаноза карда, гӯр кунад. Ӯ он қадар афсурдаву пурғусса буд, ки ман натавонистам ҳарфе бигӯям. Боз ҳам Исмоилро фиристодам, бо милисаҳову кормандони қабристон ҷасади Фаррухро берун оварда, ба хонааш бурданд. Оча ҳамон бегоҳ ҷаноза хабар карда, бо иштироки ҳамсоягону шиносҳо ҷасади Фаррухро тибқи урфу расми мусулмонӣ ба хок супурд ва ба қаҳтиву нодорӣ нигоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё