Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • гуфта шеър мебофтанд, ки ба ман калимаи ғурра таҳқиргуна менамуд ва қаҳр мекардам.
    Аз қавли он кас дар китоби «Фолклори диёри Рӯдакӣ» шеъри Сайидои Насафӣ:

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё,
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!
Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,
Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё.
Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,
Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно биё...

сабт шудааст.
Аксаран, ҳамроҳи бобоям пирамарде бо номи Бобои Элдӣ хирманкӯбӣ мекард. Ман баъзан ба онҳо хӯрок мебурдам. Боре, вақте ман ба сари хирман ба хирманҷои Сари Даштӣ рафтам, бобоям ба ман фармуданд, ки ба Бобои Элдӣ дастёрӣ кунам ва худашон ба деҳа фуромаданд. Ман бо Бобои Элдӣ то бегоҳ хирман кӯфта, пеш аз торикшавӣ нону чой хӯрда, барои хобидан дароз кашидем. Бобои Элдӣ ба ман қисса нақл кард. Афсонаи ӯ пур аз деву аҷина ва саҳнаҳои тарснок буд. Ин деву аҷинаҳо ба қавли ӯ дарёро ҳӯрт мекашиданд. Ҳатто метавонистанд ҳамин хирмани гандуми моро ба як бор хӯрда тамом кунанд. Дар ҳамин асно як садои тақ-тақ баромад, ки ба мо наздик мешуд.
Бобои Элдӣ сахт тарсида ба ман:
– Ана аҷина омад, чакманро ба рӯят каш, мон хӯрад, як хал та-ду халта мехӯрдагист, мон хӯрад, гум шавад, - гуфта сарашро бо ҷома пӯшонда, руст шуд. Маро ҳам ки чакманро ба сар кашида будам, ваҳм зер кард. Садо торафт наздик ва баланд

пешина
аз 253
навбатӣ