Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

қабл аз милликунонӣ ва инҳисори давлатӣ роиҷ буд, сар кард.
Вале ҳанӯз дар ташкил ва тартиби кор норасоӣ ва ноҳамоҳангӣ зиёд буд, ки ҳатто сӯистифода аз он низ зиёд шуд.
Дар давраи гузариши низоми бонкӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ санадҳои байнишуъбавии тақаллубӣ сохта, маблағҳои калонеро дуздиданд. Онҳо аз шуъбаи бонк дар як шаҳр ба шаҳри дигар санади та қаллубӣ мефиристоданд, аз суратҳисоби ширкат маблағҳоро гирифта, ғайб мезаданд, ки баъдан дар ҳисоббаробаркунии марҳалавӣ ошкор мегашт. Баъди ошкор шудани ин дуздиҳо бонкҳо чора дида, пеши роҳи онро гирифтанд.
Ғайр аз ин, бонкҳо ҳини кушодани ҳисоби бонкӣ ба муштарӣ дафтарчаи чек медоданд, ки исмаш Чеки маҳдуд (лимитированный чек) буд. Ин дафтарча чекҳои зиёд дошт, ки муштарӣ метавонист ба фурӯшанда маблағи мавриди ниёзро навишта диҳад ва молро таҳвил бигирад. Фурӯшанда он чекро ба бонки худ месупурд ва маблағро дарёфт мекард, бонк дархости маблағро ба шуъбаи бонки муштарӣ фиристода, маблағро талаб ва ҷои онро пур мекард. Дар робита бо ин Чеки маҳдуд як кулоҳбардории ҷолибе сурат гирифта буд, ки нақлашро дар идома меоварам.

КУЛОҲБАРДОРӢ

оли севуми донишгоҳ, аз дарси ихтисосии ҳиҷо имтиҳон Сдоштем. Муаллифи китобе, ки аз рӯи он дарси ҳиҷо мехондем, Сиёев Бекмурод буд. Шояд бовари кас наояд, вале дар соли севуми донишгоҳ устод Бобомуродов ба мо ҳиҷо меомӯхт.
Он ҳам аз забони модарӣ. Яъне ҳиҷо чист, чӣ гуна вожаро ба ҳи ҷоҳо тақсим мекунанд ва ғайра. Мавзӯе, ки дар синфи сеи мак таби ибтидоӣ таълим дода мешавад.

пешина
аз 253
навбатӣ