Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дафъ шавад, ман аз ҳафт пушти ин хел фарзанд безорам!
Ҳаромхӯр, хонаву дарамро ҳаром кард! Ман чӣ хел ба чашми мардум нигоҳ мекунам?! Ҳама мегӯяд, ки писари Абдухолиқ вудка хӯрдааст! Ман аз ин хел писар безорам! Ҳе, вудка сарата хурад! Дар чархи мошинат хок! - Бобоҷон аз хашм якбора асои дасташонро ба тирезаи хона заданд, ки шишаҳои он шикаста, ҷарангос зада рехт. Ман, ки фарзанди эркаи хонадон ва ҳамеша мавриди навозиши бобоям будам, ӯро ҳеч гоҳ асабонӣ надида будам, фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳамон калимаи русии вудкаи дар мошин чанд бор такрор кардаи тағову амакам сабаби хашми Бобоҷон шудааст. Аммо ба гуфти шоир Парвини Эътисомӣ:
Маро дар кӯдакӣ шавқи дигар буд, Хаёлам з-ин ҳаводис бехабар буд.

БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

ар доманакӯҳҳои Панҷрӯд ҳамвориҳое ҳастанд, ки он- Дҳо ро Хирманҷой меноманд. Яке аз хирманҷоҳои кӯҳи Соя Парпод ва хирманҷои кӯҳи Офтобрӯя Сари Даштӣ ном дошт. Ҳар сол дар яке аз ин доманакӯҳҳо колхоз ҷаву гандуми лалмӣ мекорид. Даравгарон ҳосилро даравида оварда, дар ҳамин ҳамвориҳо хирман мекарданд ва хирманкӯбон онро бо аспон ё барзаговон кӯфта, бод дода, ҷаву гандумро аз хасу коҳ ҷудо мекарданд ва дар ҷуволҳо гирифта, кашонда бурда ба анбори колхоз мерехтанд.
Падари модарам бобои Султоналӣ, солҳои бачагии ман масъули хирмани колхоз буданд. Номи падари бобоям Муҳаммад раҷаб будааст. Ман сари хирман рафтанро дӯст медоштам.
Сурудҳои хирманкӯбон хеле форам буд ва ба аспони хирманкӯб савор шудан бароям маъқул.

пешина
аз 253
навбатӣ