Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хонаи ӯ маскан мегирифт. Сарбоз аз пирамард ба сӯи рафтаи мухолифон ишора карда пурсид:
– Бобо росташро гӯй, мо нағзем ё онҳо?
Пирамард гуфт:
– Шумо ҳам нағзед, онҳо ҳам нағзанд, лаънат ба мо, ки дар сари роҳ хона кардаем.
Ин латифа маъруф аст ва бозгӯи ҳоли мардум дар он солҳост. Ҳеч кас аз дасти ин тоифа дар амон набуд. Дар роҳҳо ҳар куҷо, ки хоҳанд, пост мегузоштанд, ба раҳгузарон хурда ме гирифтанд, мардумро азият мекарданд.
Пас аз давраҳои зиёди вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо, 27 июни соли 1997 қарордоди сулҳи байни тарафҳо бо миёнҷигарии Русия, Эрон ва Созмони Милали Муттаҳид дар Маскав имзо шуд.
Қа зоқистон, Туркманистон, Покистон низ дар ин гуфтушунидҳо саҳм доштанд, вале нақши асосиро Русия аз як сӯ ва Эрон аз сӯи дигар, мебозиданд. Тибқи ин қарордод, мухолифин ба кишвар баргаштанд ва сӣ дарсади мансабҳоро дар ҳукумат соҳиб шуданд. Инчунин қувваҳои мусаллаҳи онон ҳамчун як воҳиди низомӣ ворид шуд, ки дар давоми ду-се сол бояд ба сафи қувваҳои кишвар пазируфта мешуд. Фармондеҳони онҳо дар ин муддат, то ба сафи мақомоти қудратӣ ворид шудан, ҳамчунон ба бедодгарӣ ва тохтутоз машғул шуданд, ки рӯзи бе ин ҳам сиёҳи мардумро ба шаби тор табдил доданд. Вале поёни ҳар шаби сиёҳе субҳи сафед аст.
Ин бедодгариҳо то замоне давом кард, ки ин ҷангсолорон он қадр пуррӯй шуданд, ки моҳи феврали соли 2000 мошини раиси Маҷлиси олиро тарконданд ва дар ин таркиш муовини раиси Кумитаи амнияти кишвар ҳалок ва раиси Маҷлиси олӣ захмӣ шуд. Пас аз ин ҳукумат ба тозакунии шаҳр аз ҷангсолорон иқдом карда, дар як ё ду ҳафта дасти онҳоро аз таҷовуз ба номусу ҷону моли мардум кӯтоҳ кард. Бо гузашти муддати на чан дон зиёд, қисми ин тоифа ё аз дасти ҳамдигар, ё аз муътодӣ

пешина
аз 253
навбатӣ