Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дар пушти гурӯҳҳои шибҳинизомӣ меистоданд. Ин гурӯҳҳо худсариву нофармонӣ мекарданд ва ба истилоҳи имрӯза, ба кишвар хатари «сурияшавӣ» таҳдид мекард. Мақомоти қудратӣ фалаҷ шуда, аз ӯҳдаи таъмини амният намебаромаданд. Кишвар артиш надошт, ки роҳбарияти нави ҷумҳурӣ бо такя ба он пеши роҳи нобасомониҳоро гирад. Тибқи муоҳидаи Бишкек, ки нӯҳуми сентябри соли 1992 аз сӯи сарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ имзо шуда буд, тамоми амволи манқулу ғайриманқули дар ҳудуди ҷумҳуриҳо буда, моликияти ҷумҳуриҳо дониста шуд. Вале Раиси ҷумҳур Набиев аз миллӣ кунонидани ҷузъу том ҳои артиши Шӯравӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон буд, бо баҳонаи харҷи онро пардохта натавонистани буҷаи кишвар, даст кашида буд.
Барои хунсо кардани чолишҳо, ҳукумати нав маҷбур буд ба ҳамин гурӯҳҳои шибҳинизомӣ такя кунад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷое бо ҷанги тан ба тан, ҷое бо мудирият, ҷое бо гузашт якпорчагии хоки кишварро ҳифз кард, Тоҷикистонро ба истиқлоли воқеӣ расонд ва номи худро дар қатори номи қаҳрамонони миллат сабт намуд. Ӯ дар тӯли солҳои 90 тавонист артишро аз сифр бисозад, Вазорати корҳои дохиливу Кумитаи давлатии амнияти миллиро барқарор кунад ва пояҳои аслии таъмини истиқлоли кишварро таҳким бахшад.
Соли 1999 бо қарори Шӯрои олии кишвар барои ҳамин хиз матҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Вале Ислом Каримов вақте ба мақсадҳои нопокаш нарасид, дар солҳои баъдӣ ҳар душмание, ки аз дасташ омад, кард.
Ни зоми раводид ҷорӣ кард, роҳҳоро баст, сарҳадро минкорӣ кард, Маҳмуд Худойбердиевро мусаллаҳ карда, ба шимоли кишвар ворид намуд, бо истифода аз тамоми имконот номи Тоҷи кистонро дар арсаи байналмилал сиёҳ мекард, ба тамоми тарҳҳои созандаи мо, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё