Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
таъсис доданд ва эълон карданд, ки барои барқарор кардани ҳо кимияти қонунӣ мубориза мебаранд.
ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
аштҳои водии Вахшу Кӯлоб пеш аз солҳои сивуми ас- Дри бист қамишзору чарогоҳ буда, заминҳояш обёрӣ нашуда ва киштукор намешудаанд. Ҳукумати Шӯравӣ барои таъмини ниёзаш ба масолеҳи кишоварзӣ тасмим гирифт ин заминҳоро ба заминҳои кишт табдил диҳад. Барои ободонии ин сарзамин мардумро аз кӯҳистони Қаротегину Кӯлоб ва Бадах шону Фарғонаву дигар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ба ин минтақа муҳоҷир карда овардааст. Ва вақти мардумро аз кӯҳистон муҳоҷир карда овардан, онҳоро дар даштҳо ҳамон тавр, ки дар кӯҳистон мезистанд, дар канори ҳаммаҳалҳояшон ҷойгир кардаанд. Дар ноҳияҳои Шаҳртус, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир, Бохтар бештар зодагони водии Қаротегин ҷой гирифта буданд. Аз Ховалингу Сари Хосор ва Балҷувон муҳоҷиронро ба заминҳои вилояти Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахшу Колхозобод дар вилояти Қурғонтеппа маскун карданд. Дар ҳар кадоми ин ноҳияҳо мардуми минтақаҳои дигар ҳам ҷойгир шуда буд, вале ақал лиятро ташкил медод. Гарчанде ин кор бе ҳеч ғараз анҷом шуда бошад ҳам, дар натиҷаи он мардум боз ҳам дар ҳалқаи маҳалли худ зиндагӣ мекарданд, ки дар ниҳоят омезиши намоян дагони маҳалҳо ба амал наомад ва ҳисси маҳалгароиро аз байн набурд.
Дар ҷиноҳи мухолифон исломгароён, ки сардоронашон зодагони Қаротегин буданд, боло гирифтанд. Аз он сабаб, ки теъ доди зодагони водии Қаротегин дар вилояти Қурғонтеппа беш тар буд, табиист, ки онҳо дар ин вилоят нуфузи бештар доштанд ва дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа бар зидди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё