Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
брезентро тикка-тикка карда буданд, як сандуқро кушоданд. Аз дохили он автоматҳои Калашникови наппа-навро гирифта, ба сӯи ҳамроҳонашон дар замин мепартофтанд ва онҳо аслиҳаро гирифта мегурехтанд. Ин сандуқ дар як лаҳза холӣ шуд ва муборизаи кушодани сандуқҳо авҷ гирифт, зеро намуди силоҳ иштиёқи ба даст овардани онро дучанд карда буд. Ин замон он роҳбар расида омад ва дод зад:
– Зуд мошинҳоро ба штаб рон!
Мошинҳо аз аркаи он бино гузашта, ин дафъа босуръаттар ба сӯи қозиёт рафтанд. Вақте мо давон-давон ба он ҷо расидем, онҳо дар даруни дарвозаи панҷарагии қозиёт буданд ва ҳанӯз ҳам муборизаи ҷавонон барои кушодани сандуқҳо идома дошт.
Ин замон Мӯсо паҳлавон аз бино баромада, аз камони шикории дасташ ду тир ба ҳаво андохт. Баччаҳо худро аз болои мошин ба замин партофта, гурехтанд. Як бачча аз фурсат истифода карда, сарпӯши сандуқро кушод ва аз он як пулемёти (тирбор) Калашниковро бароварда, ба ёраш, ки дар замин мунтазир буд, партофт ва яки дигареро гирифта, фаромад. Бо фармони Мӯсо паҳлавон касоне, ки дар ҳавлии қозиёт мегаштанд, аслиҳаҳоро аз дасти онон кашида гирифта, худашонро ба дохили бино кашола карда бурданд. Ҳамин тавр, майдони Шаҳидон низ му саллаҳ шуд.
Дидаю дониста, ба майдони пур аз тазоҳуротчиён бе муҳофизат баромадани ду мошини пур аз аслиҳа ва фавран расида омадани яке аз сардорони тазоҳуротчиён одамро ба тааммул водор мекунад.
Шиорҳои ҳарду майдон торафт оҳанги ҷангҷӯёна пайдо мекарданд, ду майдони мусаллаҳ дар чандсадметрӣ аз ҳам қарор дош танд ва фазо бӯи хун мекард. Ба зудӣ силоҳ ба садо омад.
Яке паси ҳам кушторҳо оғоз шуданд. Аввалин шуда, тарафдорони майдони Озодӣ қурбон шуданд. Тазоҳуркунандагони кӯлобиасли майдони Озодӣ ба Кӯлоб баргашта, Фронти халқиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё