Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
интизор мешуданд. Бо ҳам баҳс мекарданд, аз ин ё он довталаб тарафдорӣ мекарданд, ба оянда бо умед менигаристанд.
Озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ ҳукмфармо буд. Падар тарафдори Набиев бошад, писар аз Худоназаров тарафдорӣ мекард. Ба раъйи ҳамдигар арҷ мегузоштанд.
Довталабон ситод ташкил карда буданд ва тарафдорони маъ руфи худро ҷамъ карда, ба минтақаҳо барои тарғибот мефиристоданд. Ҳикоят мекарданд, ки нафаре аз Душанбе ҳамчун узви ҳайати тарғиботчиёни Худоназаров ба деҳааш рафт. Падараш, ки садри деҳа буд, ҳайатро меҳмон кард ва ба онҳо саро ҳатан эълон кард:
– Ман шуморо ҳамчун меҳмон бо ҷону дил қабул дорам, вале раъйамро ба довталаби шумо намедиҳам!
Коршиносон ба иттифоқ ин интихоботро озодтарин раъйдиҳӣ донистаанд, вале мухолифон натиҷаи интихоботро қабул накарда, ба тазоҳурот даст заданд. Дар натиҷаи тавофуқи мухолифон бо ҳукумати тозаинтихоб, ба роҳбарони мухолифон ба шарти ба хушунат даст назадан, кафолати масуният дода шуд ва дар натиҷа дар кишвар як оромии сунъӣ барқарор шуд.
Қо нуни манъи рафту омад ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он зиёда аз се нафар ҷамъ шудан ва пас аз соати муайян дар хиёбонҳо равуо кардан мамнӯъ буд. Вале ба зудӣ ин оромӣ халалдор шуд.
ДУ МАЙДОН
3 марти соли 1992 Раиси Шӯрои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев
2дар ҷаласаи ин ниҳод вазири корҳои дохилӣ – зодаи
Бадахшон – Мамадаёз Навҷувоновро шадидан танқид карда,
истеъфои ӯро талаб кард, ки ин аз тариқи телевизион намоиш
дода шуд. Дар натиҷа, рӯзи 26 март ба қонуни манъи таҷаммуъ
нигоҳ накарда, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» дар назди кохи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё