Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хиз матияш ё хонаи истиқоматияшро шахсӣ кунад. Замони ба истеъфо рафтани Қаҳҳор Маҳкамов моликияти хусусӣ иҷозат шуда буд, аз ин сабаб ба ӯ иҷозат доданд, ки бинои нотамомеро дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ шахсӣ кунад.
Маҳкамов бо Шукуров Амир ном соҳибкор робитаи дӯстӣ дошт.
Аз сабаби он ки ин соҳибкор ҳам корхона ва ҳам пул дошт, Маҳкамов ҳуқуқи хариди ин биноро ба ӯ вогузорид ва худаш ҳамчун муовини раиси ҳамин ширкат ба кор даромад. Хонанда бояд ин воқеаро ба ёд гирад, зеро моликияти ин бино баъдан ба ман тааллуқ гирифт, ки ҳикояашро дар бобҳои баъдӣ хоҳам овард.
ПИРӮЗИИ РАҲМОН НАБИЕВ
4 ноябри соли 1991 интихоботи Раиси ҷумҳур баргузор 2шуд, ки довталабони асосии он Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров буданд. Дар ин интихоботи воқеан озод Раҳмон Набиев баранда шуд. Набиев собиқаи дарози роҳбарии ҷумҳуриро дошт ва маъруф буд, аз ин сабаб, нухбагони шӯравӣ – коммунистон ва ҳамаи онҳое, ки дар замони шӯравӣ амалдор буданд, аз ӯ тарафдорӣ карданд. Давлат Худоназаровро зиёиён, ҳаракати «Растохез», Ҳизби демократ, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ мекарданд. Васоити ахбори давлатӣ ба тарафдорӣ аз Набиев ва рӯзномаҳои озоди «Чароғи рӯз», «Адолат» ва дигар нашриёти мухолифон ба тарафдорӣ аз Худоназаров кор мекарданд. Тарғиботи Худоназаров хеле гус тардаву муассиртар бошад ҳам, маъруфияти Набиев боло гирифт ва ӯ дар интихобот баранда шуд.
Дар асл ин интихобот баҳси кӯҳнаву нав буд. Ин давраи бедории мардуми тоҷик буд. Одамон бо иштиёқ аҳволоти сиёсиро дунбол мекарданд. Ҳама бесаброна баромадани рӯзномаҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё