Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мухолифони Маҳкамов тазоҳуроти густарда ташкил карданд.
Ин тазоҳурот аз тазоҳуроти «Баҳмани навад» фарқ дошт. Онро намояндагони Ҳизби демократ роҳбарӣ мекарданд. Мардум нисбатан оромона майдоннишинӣ мекарданд ва намояндагонашон дар дохили бино – дар маҷлиси Шӯрои олӣ талабҳои онҳоро матраҳ мекарданд.
Ман чунин тазоҳуротро дар як соли дар Ҳинд буданам бор ҳо дидаам. Намояндагони анҷуманҳо ва ҳизбҳои мухолиф тарафдоронашонро ба майдон бароварда, талабҳои онҳоро ба гӯши ҳукуматдорон мерасонданд ва ҳаққашонро талаб мекарданд. Майдони пеши қасри Раиси ҷумҳур дар Деҳлӣ хеле фарох буд. Баъзан дар он издиҳоми бузург ҷамъ мешуд, ки ман ин теъдоди одамро фақат дар ҳамон ҷо дидаам. Вале ҳеч гоҳ тазоҳуркунандагон ба беназмӣ ва хушунат даст намезаданд.
Роҳбарони тазоҳурот суханронӣ мекарданд ва шиор медоданд, мардум бо кафкӯбӣ ё ғирев дастгирии худро изҳор мекард.
Намояндагони тазоҳуротчиён бо намояндагони мақомот музокира карда, ба тавофуқ мерасиданд ва натиҷаро ба мардум фаҳмонда ба тазоҳурот хотима медоданд ё агар мақомот барои иҷрои талабҳои мардум фурсат хоҳад, муҳлат муқаррар мекарданд. Ҳамин тазоҳуроти рӯзҳои 29-31 август дар Душанбе ба он тазоҳуротҳои дар Ҳинд дидаам монанд буд.
Мухолифони Маҳкамов барои тарафдорӣ аз ГКЧП ва воқеаи баҳманмоҳи хунин ӯро шадидан танқид карда, истеъфои ӯ ва манъи фаъолияти Ҳизби коммунистро талаб мекарданд. Ин ҷаласаи маҷлиси Шӯрои олӣ аз тариқи телевизор намоиш дода мешуд. Чанд рӯзе, ки ин ҷаласа давом кард, одамон аз назди телевизорҳо дур намешуданд ва бо рағбат рафти ҷаласаро тамошо мекарданд. Худи муколамаи байни тарафҳо ҷолиб сурат мегирифт ва чанд чиз аз ин ҷаласаҳо вирди забонҳо шуд.
Масалан, курсии нишасти вакили мардумӣ Тоҳири Абдуҷаббор дар назди микрофони шашум буд, ки ӯ ҳар лаҳза хеста,

пешина
аз 253
навбатӣ