Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
нороҳат мешуд. Боре худаш бо дастони аз равғани кабел сиёҳ, бо раис дастфишорӣ карда, дастҳои ӯро олуда кард ва ба ӯ гуфт:
– Акнун ман дастҳоямро як ҳафта намешӯям!
– Чаро? - пурсид раис бо кароҳат ба дастони олудаи худ нигариста.
– Чунки дастонам ба дастони табарруки Шумо расиданд, - ҷавоб дод Бобокалонов.
ВОҚЕАҲОИ СОЛИ 91
обистони соли 1988 конфронси 19-уми Ҳизби комму- Тнисти Иттиҳоди шӯравӣ як қатъномаи ислоҳотӣ қабул карда буд, ки он як қатор ислоҳоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла озо дии баёнро кафолат медод. Дар асари ҳамин ислоҳот дар То ҷи кистон ҳаракатҳои мардумӣ ва расонаҳои мустақил арзи вуҷуд карда буданд. 25 феврали соли 1990 интихоботи Шӯрои олии Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндаҳои зиёиён, рӯҳониён ва демократҳо низ соҳиби чанд ҷой шуданд. Ин вакилон фаъолони ҳаракатҳои мардумии дар натиҷаи ислоҳот бавуҷудомада буданд.
Моҳи марти соли 90 кунгураи Шӯрои олии Иттиҳоди шӯра вӣ моддаи 6 сарқонуни кишварро, ки султаи Ҳизби коммунистиро таъмин мекард, бекор кард. Дар натиҷа, ҳаракатҳои мардумӣ дар Тоҷикистон иттиҳодияву ҳизбҳои сиёсии худро сабт карданд, ки бузургтаринашон ҳаракати «Растохез», Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» буд, ки аз зовияи мухолифат ба Ҳизби коимунист ва низоми коммунистӣ амал мекарданд.
Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун намояндаи Ҳизби коммунист аз кудатои низомиён, ки 19-21 августи соли 1991 дар Маскав баргузор шуд, тарафдорӣ кард. Баъди нокомии ин кӯшиши табаддулот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё