Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Идеяи коммунистӣ дар марҳалаи пайдоишаш зеҳнҳои мутафаккирони тамоми дунёро тасхир карда буд, зеро волотарин ақлҳои инсоният ҳамеша дар орзуи сохтани як ҷомеаи боадолат будаанд. Дар солҳои аввали инқилоб одамони зиёде аз кишварҳои дигар бо шавқ ба кишвари Шӯравӣ барои сохтани ҷомеаи ормонӣ меомаданд. Яке аз чунин касон, ки шефтаи идеяи коммунистӣ ва сохтани ҳаёти шоиста барои ҳамаи аъзои ҷомеа буд, нобиғаи инглис – Бертрад Россел низ дар ҳайати як намояндагӣ аз сӯи ҳукумати Инглис бо ихлос ба кишвари Шӯ равӣ ташриф овард. Россел то омаданаш ба Маскав он қадр ҳаводори идеяи коммунистӣ буд, ки худаш ашрофзода бошад ҳам, бо сабаби тарафдори идеяи сусиёлизм буданаш, муносибаташ бо доираҳои аъёну ашрофи кишвараш хеле бад шуда буд.
Ӯ дар ин сафари кӯтоҳи худ падидаҳои зиёдеро дид, ки ӯро аз тарзи иҷрои ин идеяи ормонӣ аз тарафи болшавикон дилсард карданд. Масалан, ӯ дид, ки пешвоёни инқилоб баробариву бародарии инсонҳоро шиори худ эълон карда бошанд ҳам, аз ҳамон рӯзҳои аввал дар қасру кӯшкҳои аъёну ашрофи қаблӣ ҷой гирифта, барои худ зиндагии шоҳона бунёд гузоштаанд.
Махсусан, дар вақти боздид аз деҳаҳои рус ҳоли зори деҳқонону мардуми одиро дида, бо шукӯҳу ҷалоли ҳаёти навдавлатон муқоиса карда, китоби «Назария ва амалияи болшавизм»-ро на вишт. Инчунин, ӯ мушоҳида кард, ки дар кишвар системаи тоталитарӣ ҳукмрон буда, озодиҳои маъмулии инсон аз қабили озодии эътиқод, озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ шадидан саркӯб мешаванд. Ӯ ба хулоса меояд, ки ҳукмронии идеолоҷӣ дар ҷомеа ногузир ба тоталитаризм мебарад ва дар он адолат, озодӣ ва баробарӣ ҷой дошта наметавонад. Ӯ мегӯяд: «Идеолоҷӣ яке аз абзорҳои рамасоз аст». Ақли инсон ва озодии андешаву баёнро муҳаррики рушди ҷомеа дониста, болшавизмро низ мисли калисо, монеа дар роҳи пешрафт меҳисобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё