Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

биҳиштосо бори ҳару хингилро фароред,- чашм аз ҷӯйҷаҳои шӯхи дара, гулу себаргаҳои канори он наканда, гуфт модар.

Дар андак мӯҳлат хаймаҳо афрошта шуданд. Мардуми деҳоти Чукураку Боғча, Ҷаҳонбахту Дороби ташрифи онҳоро шунида, ду-ду, се-се баъди намози пешин ба зиёрат меомаданд.

Фазои осмони тобистон софу бегубор, ҳавояш салқину форам буд. Мавзеи ҷойгирифтаи муҳоҷирон нисбат ба дашти васеъи дар поён вусъатёфта хеле баландтар аст. Долу дарахт, раҳу пайраҳа ва киштзорони водии хурдакаку дарозрӯя мисли манзараи тасвирии густурда барҷаста ба чашм мерасид. Талу барзани пасту баланди дар оғӯши кӯҳҳои сарсафед маскан гирифта, пуштаҳои зарду сабз дар зери осмони кабуд гуворо, ҷаздоб ба назар мерасиданд. Хати борику печ дар печи оби Мазор аз миёни ин қолини рангин гузарон ба ҳусни ин манзара ҳусн бахшида, хаёли Холмуҳаммадро ба дуриҳои дур мебурд. Дар ҳақиқат ин диёри пурфайзу афсонавист. Ӯ паҳнои Каронакро ба ин мавзеъ қиёс менамуд. Он ҷо дарахҳо тангтар, қуллаҳои барфпӯш наздик, роҳҳо мушкилгузар, ин ҷо деҳот зиёд, дар тӯю маросимҳо ба осонӣ метавон ба мардум пайваст.

Ӯ шефтаи тамошои паҳнои мунаққаш гардид.

Акнун аз олами хаёлӣ берун шуда, дарк сохт, ки дар поён на манзараи дилрабои рассоме, балки ҳаёти воқеӣ, зинда дар ҷӯшу хурӯш аст. Қад-қади сангоби тангбар гову мол пеш-пеш, чуволҳои хурду калон болои аспу харҳо, савораҳо ҷониби деҳоти Мазор раҳсипоранд. Маълум, ки аллакай бозоракиҳо ба хонаҳояшон бармегарданд. Ана, шамоли сахт шохаи баланди сафедорҳои деҳаи Боғчаро бо қаҳр ба печу тоб

пешина
аз 176
навбатӣ