Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
табиби бемислу монандед, барои мардум даркор мебошед, - гуфт ӯ вақти хайрухуш.
Баъди ин Барбин, ки тоҷикиро ёд гирифта буд, тез-тез ба инобати Ҳазрат меомад, намоз мехонд, рӯза мегирифт, аз ҳолу аҳволи пираш пурсон мешуд. Дертар ӯ хайрухуш намуду ба мулки худ - ба Русия рафт.
ЗИЁРАТИ
МАЗОРИ ҲАЗРАТИ СУЛТОН
Ҳазрати Эшони Алааспа ҳар сол ҳам аз Парронақ ҳам аз Каримбердӣ ба зиёрати Мазори Ҳазрати Султони Вайси Қаранӣ меомаданд. Дуъову дуруд хонда саҷдаҳо менамуданд, ба гуноҳҳои худ, барои қавму миллаташ омурзиш мехостанд, тавфиқ металабиданд. Зиёрати Ҳазрати Эшон тарзи хосае дошт. Ба сарҳади Мазор нарасида аз асп пиёда мешуданд, як сари банди гардани аспи алаашонро ба гардани худ мебастанду то шалпару кӯфта шуданд гирдогирди маркади дӯсти Худо медавиданд. Баъди ин аз нав таҳорат карда, ба саҷдагоҳи маркад мерафтанд. Пораҳои нони хушкашро ба об тар карда, ба рӯй ҷодар кашида, дар кунҷи хилват, таҳи дарахт ё камаре чилла менишастанд. Муддати чил рӯз садои бегонаро намешуниданд, рӯи номаҳрам намедиданд, ҳарфе намезаданд. Танҳо ёди Аллоҳ таъолоро менамуданд, дар зикри Ҳақ рӯзҳоро шабу шабҳоро рӯз менамуданд. Баъд ба деҳа бармегаштанд.
Инчунин номи дигар шаҳидону фақеҳон, шайхҳову олимон ва адибони мумтоз Шоҳ Неъматуллоҳи Зарроби Балҷувонӣ, Шақиқи Балхӣ, Ҳоҷӣ Хусайни Хатлонӣ, Хӯҷа Исҳоқ, Хӯҷа Мӯъмину

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё