Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Баъди чанд рӯзи дигар дами субҳ 5-6 нафар сарбоз ва ҳамин фармондеҳи рус, ки Барбин ном доштааст, пешопеш, ба даргоҳи Ҳазрати Эшон расиданд. Ва Эшонро дидан баробар фармондеҳи шифоёфта аз асп фаромада, ба зону зада пойҳои Ҳазратрод бӯсида, ким-чиҳое бо забони модариаш мегуфт. Бобои Эшон сари ӯро сила карда, аз ҷой хезонд. Тарҷумон гуфтаҳои фармондеҳи русро шарҳ дод:
- Ё, бузургвор, ин марди рус мегӯяд, ки ӯро ба инҷо ба зӯрӣ фиристодаанд. Падари ӯ ҳам диндори калону корманди калисо буда, дар ҳамин гирудорҳо кушта шуда, китобҳояш ба коми оташ рафтанд. Мегӯяд, ки аз дасташ шояд ношукрие, беэҳтиромие нисбати дини мубини ислом гузашту бадбахт шуд. Агар Ҳазрат иҷозат фармоянд, ин банда имон оварда ба дини ислом мегараванду уммати пайғамбарамон ва муриди шумо бишаванд.
Ҳазрати Эшон ба гуфтори онҳо бо завқ гӯш медод, фармондеҳ бошад, бо имову ишора бо аломати тасдиқ сар меҷунбонд.
- Дар дини мо, писарам, миллату қавм нест. Ҳар кӣ калимаи шаҳодат ба забон биёрад, Худоро якка, пайғамбарамонро барҳақ шиносад, бечунучаро аз аҳли ислом аст. Ҳоло, ки ин бандаи худо майли мо кардааст, хеле хушнудем, - гуфт Ҳазрат.
Фармондеҳ баъди тарҷумаи ин суханҳо аз шодию нишот чӣ кор карданашро намедонист.
- То вақте ки ман зиндаам, шуморо ягон кас аз ҳукумат, ташкилотҳои давлатию пурсуҷӯй ташвиш нахоҳад дод. Ин ҳам ба шарте, ки агар ҳаққу ҳамсоягонатон дасисаҳо накунанд, хабар накашанд. Охир шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё