Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

мушкилот машаққат дошта, барои ҳоҷатбарорӣ ба ин мазор меомад. Шоҳидони воқеа нақл мекунанд, ки даҳ-бист харро пешандоз намуда, бо Ҳазрат ба қарибии мазор меомаданд. Гоҳ вақт як рӯз, гоҳ вақт ду рӯз, ҳатто баъзе вақтҳо як ҳафта канори мазор рӯзу шабҳоро мегузарониданд. Ҳазрат таъкид менамуданд, ки ҳоло Хӯҷаи бузург иҷозаи кор надодаанд, ягон хасро аз мазор нагиред, ки хафа мешаванд. Ҳазрати Эшон аввал дуову дуруд хонда, рӯҳи соҳиби мазорро шод мекарданд. Дар истихора баъди 3-4 рӯз рӯҳи Мазор ба чашми Ҳазрат намоён мегашт ва ризоияти ҳезумбарӣ медод, таъкид мекард, ки хокистарашро ҳатман ба чоҳ бирезанд.

Чун ҳезумро ба Каримбердӣ мебурданд, аввал Ҳазрат дар ҳаққи рӯҳи Хӯҷаи Шамъ оши худоӣ медод.

Ҳазрат то замони зиндагиаш дар Каримбердӣ аз ҳезуми ин мазор баҳрабардор буд.

РОЗ БО ХУДО

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон
хуррам аз ӯст,
Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам
аз ӯст.

Ҳазрати Эшони Алааспа, лаҳзае, ки дар тамоми
вилояти Кӯлоб оромӣ ҳукмфармо буд, пас аз
адои намоз ба тафаккур мерафт, роз мегуфт бо
Худованд:

  • Эй Холиқи мавҷудот, рӯзи қиёмат кадом рӯзро
    гӯянд?
пешина
аз 176
навбатӣ