Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Чун ӯро ба кунҷи масҷид шинонданд, даҳмарда боз ба худ омада «Оллоҳу, Оллоҳу!» — гӯён худро зад. Ҳамон одами сиёҳу кабуд ва хунука рангаш пуркид, пахта воре сафед шуд. Чун қарор гирифт, Ҳазрати Эшон гуфтанд:
- Сӯфиро зиёрат кунед, сӯфиҳо!
Ҳамаамон рафта суфии навро зиёрат кардем», — мегуфт бобои Ҳабиб.
МАЗОРИ ХӮҶАИ ШАМЪ
Дар канори роҳи Кӯлоб — Нончеймас деҳае бо номи Хӯҷаи Шамъ ҷойгир аст, ки он шомили хоҷагии ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Восеъ мебошад. Номи деҳи мазкур аз номи мазори бисёр иззатманди ин ҷо гирифта шудааст. Атрофи мазор хандақи чуқур дошта, даруни он дарахтзори анбӯҳест. Азбаски мазор ба дарёи Ёхсӯ наздик асту сероб мебошад, тӯли солҳои зиёде ниҳолҳои мавзеъ хуб нашъунамо карда, ба ҳам печида, ҷангали калону анбӯҳеро ташкил додаанд. Ҳатто дар рӯзи равшан ҳам касе ҷуръати аз даруни он гузаштанро надошт. Илова бар ин шоху барги хушкшудаи дарахтон таи солҳо шикаставу рехта ҳайбати онро афзун месохтанд. Азбаски мавзеи муқаддас буд, мардум аз гулу гиёҳ, хоку санги даври он барои шифоӣ баҳрабардорӣ мекарданд. Даруни ҷангали гул баъзан ҳайвоноту даррандагон паноҳ ёфта, зиндагӣ мекарданд, зарар нарасонанд ҳам, шунидани садои онҳо ба дили сомеъон ваҳм ҷой менамуд.
Диёри Каримбердӣ бошад хеле камдарахт буд. Бобои Эшон, ки меҳмондор аст, дар ҳалли ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё