Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Худорост, ки мураббии ҷаҳониён аст, бахшандаи меҳрубон аст, молики рӯзи ҷазост. Эй Худо, туро ибодат мекунем ва хос аз ту мадад меҷӯем, бинмо моро роҳи рост. Роҳи касоне, ки инъом кардай бар эшон, на роҳи касоне, ки ғазаб карда шудаанд ва на роҳи гумроҳон.

Бо муридонаш ба теппаи баланди рӯ ба рӯ, ҷое, ки синаи офтоб мерасид, баромаданд. Як бори дигар рӯ ҷониби Қибла оятеро тиловат карду «Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим» гӯён асои муборакашонро ба ҳамгашти теппаҷое, ки аз ғояти хушкӣ гулу гиёҳаш пажмурда гаштаанд, зад. Ҳозирин хомӯш ба ҳар як амали Ҳазрат менигаристанд. Нӯги оҳандори асо ним ваҷаб ба замин халида буд. Бобои Эшон онро каме ҷунбонд. Ана, каромати авлиё, ки дар «Қуръон» сабт шудааст ва ҳақ асту рост аст! Муридону мукаррабони Ҳазрат чашмонашонро бо кафҳояшон мемолиданд, хоб аст ё бедорӣ? Рӯъё аст ё сароб? Не, фанду фиреби назар нест, воқеият аст, бо қудрати Худои азза ва ҷалла бехи асо оҳиста-оҳиста нам кашид, лой шуд, қатраҳои заҳидаи об ҷараён гирифтанд. Чун бобои Эшон асояшро бардошт, аллакай ҷӯи борике миёни гулу гиёҳи пажмурда чун навиди орзӯҳои чандасра ба мавҷудоти табиат аз каромати бобои Эшон мужда мерасонд. Рӯзи дигар мардум бо белу каланд баромада, роҳи чашмаро ороста гардонданду ошу нони худой доданд, баъд базму сур барпо гашт. Чашма то кунун ягона манбаи об аст, ки бо ризоии Худованд, дар боргаҳи теппаи хушк барҷост, солҳо боз мардуми Каримбердии Алааспа (ба хотири бузургдошти бобои Эшон ин мавзеъро ҳамин хел ном мебаранд),

пешина
аз 176
навбатӣ