Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

мекашад аз ҳар нигоҳ, оҳ мекашад, баробари ҳар як оҳи кашидаи муридон.

Чанд болои ҷойнамоз китоби «Қуръон» тиловат карда, аз Худои ҷаҳонофарин мадад хост, раҳми мардуми заҳматдидаро дархост намуд. Лобаву зориҳо намуд. Охир кулли бошандагони талу барзан дунболи ӯ, ҷои обод, хонаву дари бобоиро партофта омадаанд. Ӯ зомини ризқу рӯзӣ, ободии рӯзгорашон мебошад.

  • Эй Худои бузург! Одамро дар олам чун мӯъҷиза, чун халифаи худ офаридӣ, баду некашонро ҷуз ту касе намедонад. Дархости бандагии мо ҳамин аст, ки ин мардумро, ки дунболи мани бандаи ночизатро гирифта омадаанд, аз ғазабат нигоҳ дор, бо чашми раҳм ба эшон бинигар. Аз риёзату ибодати хеш дар наздат ғуруре надорем. Мо соликони тариқати ту ҳоло ба камол нарасидаем. Шукр мегӯем туро, эй Яздони пок!

Баъди ин зикру муноҷот сабукиеро дар вуҷуди хеш эҳсос намуд. Чашмони зебои шабгунаш ин лаҳзаҳо миёни ҳавзи об буд. Қатраҳои ашк сар-сари торҳои ришаш дар партави хуршеди гурубкунанда лаҳҷавор дурахшида болои ҷойнамоз афтиданд, ба гӯшаш аз олами улвӣ садоҳо меомад:

« - Эй Сайиди некрафтор, риёзату ҷафоҳоят дар тариқати васли бандагон бо холиқи арши аъзову коинот арҷманд аст, бархез!».

Ҳазрати Эшон болои ҷойнамоз дуои фотиҳа кард:

Оят: «Алҳамду лиллоҳи рабб-ил-ҳоламин — ар-раҳмон-ир-раҳими молики Явм-ид-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин. Ихдина-с-сирот-ал-мустақима сирот-ал-лазина анъамта ъалайҳим ғайри-ил-мағзуби ъалайҳим вал-аз-золин». Маъниаш: тамоми хубиҳо

пешина
аз 176
навбатӣ