Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

касе ба дидорашон омаду на пораи ноне бахшид. Кӯфтаву шалпар, гурусна дар кунҷи узлат хуфтанд. Дами субҳ Халифа боз азон гуфт. Ин дафъа овозаш хеле ҷаздоб, рӯҳбахш ва як навъ мутантан садо дод. Дар банди дили сомеъон ларза афтод. Золимон лаҳзае ҳам бошад бедор гашта, болои рахти хоби хеш нишастанд, дар андешаи рӯзи музоҷот, ҳисобу китоби аъмоли хубу бадашон афтоданд. Чӣ ҷавоб хоҳанд гуфт барои хору залил кардани дини мубини ислом, рӯҳи поки ниёгон, арвохи шаҳидон? Чаро кори асосӣ – саҷдаву суҷудро, тоату ибодатро фаромӯш сохта, хуни ноҳақ мерезанд? Барои кӣ? Ба хотири чӣ? Ба хотири луқмаи равғанини қасру кушк? Кадом сер намуррдаасту кадом шоҳаншоҳ ва марди ғаниме дороиашро ба гӯр бурдааст? Ҳеҷ кас! Ривоят менамоянд, ки Искандари Зулқарнайни оламгир пеш аз маргаш васият кардааст, ки чун мурдам, дастҳои маро аз тобут берун гузоред, то мардум бинанд, ки аз фатҳи дунё, молу сарваташ суде нест, кафи тиҳӣ ба гӯр меравам!

Рӯзи дигар, вақти намози пешин қисман сарбозон, сониӣ бошандагони маҳал рамида-рамида ба масҷид меомаданд. Дар сӯҳбати Халифа нишаста, амри маъруфи ӯро гӯш медиҳанд, бо вазъи ҳолаш шинос шуда, аз он ки ду рӯз боз ин мардуми шариф меҳмони онҳост ва иззату эҳтиромашон накардаанд, хиҷолат мекашанд. Акнун сарбозон онҳоро ба хаймаҳо ва мазлумон ба кулбаҳои худ мехонданд. Халифа Сайид ҳамроҳонашро, муҳофизонашро бо дили кушод дуо дод, то ба Бухоро баргарданд. Мулло Нуралӣ ҳамроҳи ӯ монд.

Мири Ҳисор аз ташрифаш огоҳӣ ёфту ба дидорбинӣ омад. Ӯро ба қасраш хонд, намози рамазонро хонд, Халифа Сайид имоми таровеҳ буд.

пешина
аз 176
навбатӣ