Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан- Дар мӯҳлати таҳсилу қорат, эй фарзанд, ба дилу дидаи аҳли илму заҳмати мадрасаҳои Бухоро ҷой шудӣ. Акнун тибқи хати камолот, хати иршоде, ки дорӣ метавонӣ, ҳақ дорӣ, балки вазифадор ҳастӣ, ки дар диӯрат - Хатлон масҷид, мадраса бикушоӣ. Насли ҳамдиёрони мусалмони худ ва ҳамаи онҳоеро, ки оташи илмомӯзӣ дар қалбашон аланг дорад, ҷалб намоӣ. Олими беамал танҳо сурати бесиратест, ки ҷуз тамошо суде намебахшад. Аз бахти баланди мо ту, Халифа Сайид, олими амалёр ҳастӣ. Дарахт ҳар қадар сермева шавад, ҳамон қадар сарҳам аст. Покдоманӣ, меҳнатдӯстӣ, фурӯтанӣ, ростгӯй, ҷустуҷӯи ҳамешагӣ, шукри Худо ин сифатҳоро доро ҳастӣ. Ташаккур, ба волидайне, ки туро тарбия кардаанд. Писари азизам, ҷудой аз ту барои ман ба мисли ҷудой аз ҷону ҷигари хеш аст. Мани пир дар симои ту, эй ҷавонмарди нексиришти кӯлобӣ, фарди назаркардаи Худовандро мебинам, зеро аз рӯзи ба ин даргоҳ қадам монданат ба хонаву дар, ба кору бори мо Худо файзу баракат ато намуд. Дар ҳаққи мани пир дуо кун, маро фаромӯш насоз, дар чеҳраи ту нури илоҳӣ ҳувайдост. Сафарат, илоҳо бехатар, Хӯҷаи сабзпӯш роҳбарат бошад, баччам! - даст ба дуо бардошт пир ва ашки чашмонашро бо лаби остинаш пок кард. Ҳамин аспро аз вақти дунан буданаш ба ман тӯҳфа карда буданд, худат медонӣ, ки аспи алои ман шоҳи аспони Бухоро аст. Хосияти асосии он суханфаҳмию роздонии он аст. Шогирди азиз, писари ягона, ҳамин ганҷи қимматбаҳоро ба ту мебахшам. Умед дорам, ки савори он боз ба дидорбинии мо меоӣ. Писарам, фақат бо ният ба ин асп савор шав. Ӯ бе зарби қамчин, бе зӯрӣ туро ба ҷои дилҳоҳат мерасонад. Аз хазинаи китобҳоям ду хурчин беҳтарин асарҳои илми мантиқ, илоҳиёт, фиқҳу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё