Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

хона гашт, аллакай ҳавлӣ пур шуда буд. Зану мард, сагиру кабир ба ҳавлии Ҳазрат мешитофтанд. Бисёриҳо аз нишоти ногаҳонӣ гиря мекарданд. Онҳо барвақт аз забони Сафаралибой дар боби ташрифи Ҳазрат шунида буданд. Бой чанд бор арзу додашонро дар бобати пайдо кардани пиру роҳнамое шунида, ваъдаи овардани Ҳазратрову карда буд, аммо ҳеҷ бовар намекарданд, ки бо ин бузургию шукӯҳ, илму дониш ӯ ба ин хоктӯдаву вайронаҳо қадам ранҷа намояд. Аз он дар ҳиҷил буданд, ки аз омадани Ҳазрат ноогоҳ мондандӯ пешвозаш набаромаданд ва пойандоз нагустурданд. Акнун, яке таъом, дигаре либосворае савғоӣ меовард, пеши пои Ҳазрат мепошиданд, ҳам шуда, хоки қадамашро бӯса мезаданд, панҷаҳои ӯро ба дидаҳо мемолиданд. Деҳи торики Каримбердӣ аз нури рухсораи Ҳазрат мунаввар гашт, ба дилҳои мардум шодию сурур ҷой гирифт. Бешак, акнун рӯзгори онҳо ба низом хоҳад даромад, аз чӣ сар кардани амалашон, то куҷо расонидани онро хоҳанд донист. Акнун дар деҳ шахсе пайдо гашт, ки роҳу равиши онҳоро ислоҳ намуда, мушкилоти ақлиашонро ҳалу фасл бисозад, маргу мурдаи онҳоро соҳибӣ намояд, аз неку бади олам, аз асрори ин дунёву аз уқбо башорат диҳад. Чашми онҳоро боз намояд, дили онҳоро гарму нарм бисозад, то бо чашми дигар ба афъолу рӯзгорашон дида биандӯзанд. Дар ин дам акаву додарон Сафаралибой, Набибой, Ғафурбой расида омаданд, хизматгоронашон моле чанд пеш-пеш.

  • Мардуми Каримбердӣ! Чӣ хеле мегӯянд, ал - ваъдаву - дайн. Мо чизеро, ки гуфтем, мекунем. Ана, бузургворро розӣ кунонидем, хонаву дари обод, чашма, богу роға монда, ба вайрона омад. Ин бегоҳ ба шарафашон ошу нон медиҳам, пагоҳ иншоаллоҳ ба
пешина
аз 176
навбатӣ