Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

Бори Худоё, парвардигоро! Ибодати ману риёзати ман, зикру муноҷоти ман чунон беқадру ҳақир аст, ки ба пойгоҳи зоти поки ту расида натавонам! Аммо рӯҳе, ки дар офариниш бар ман дамидаӣ, умеде дар дилам ҷой додааст, ки имони маро қавӣ месозад! Худоё, парвардигоро, ишқе, ки дар дилам нисбати ту пайдо шудааст, ишқи оламгирест, ки аз ҷаҳони улвӣ нозил шудааст. Дар соатҳои тафаккур дар ҳикмату қудрати ту, дар шабҳои бехобиву бехудӣ синаи ман аз файзу баракати ишқи ту муҷалзову мусаффост.

РАҲПАЙМОӢ

Мусофирон сангоби дарёи Сурхобро ба осонӣ гузашта, пасопеш таҳ-таҳи камари теппаҳо дар ҳаракат буданд. Пешопеш болои аспи саманд мӯйсафеди шонапаҳну гарданбаланде бо қомати каме хамида ба шуввоси найзори анбӯҳи тарафи дасти рост, каппаҳои хасии аҳён-аҳён дар ялангиҳо намудор нигариста, ба нолаи шаголҳо ва гургони бешазор гӯш дода, ғарқи андешаҳои хеш роҳ мепаймуд. Насиби обу дон канда ки шуд, дигар илоҷе намемондааст. Самарқанди бостонӣ баъди таҳаввулоти сиёсӣ ва ғасби Осиёи Миёна тавассути Русия беҳад ноором шуд. Амирони манғит акнун барои хӯҷаинҳои навашон мардумро беҳисоб ғорат мекарданд. Дар бисоти мардум молу хол намонд, зиндагӣ душвор шуд, беҳад душвор. Иззату

1 Аз китоби Расул Ҳодизода. «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ».

пешина
аз 176
навбатӣ