Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
меомад, дуо ва дастури кор мегирифт, баъд барои дидани заминҳои кишт, галаву рамаҳояш мерафт. Дар ҳама маросими шодиву мотами мардум шарик, ҳамдард буд. Сафаралибой зиёда аз 500-600 сар гов, 3000 сар гӯсфанд дошт, дар мавзеи Купак мечариданд. Он кас яке аз фарзандони барӯманди Парронак, марди нотарс, бақуввату бебокс буданд. Пираш бобои Эшонро сахт эҳтиром мекарданд, аз галаву рамаҳояш назру ниёз ба даргоҳи Ҳазрат меоварданд. Дертар ӯву бародаронаш Ғафурбой, Набибой ба Каримбердӣ ба тамошо меоянд. Заминҳои ин мавзеъ ба онҳо маъқул мешавад, онҳо як қисми ин заминҳоро мехаранд. Сокинони он аслан ӯзбекҳои кӯчӣ ба шумор мерафтанд. Ӯзбекҳои мавзеи Узунохур аз ин ба хашм омаданд. Якҷоя шуда ба муқобили Сафаралибой ҷанг эълон карданд. Кашмакашҳои сахте ба вуқӯъ пайвастанд. Бой фотех шуду галаву рамаҳои онҳоро аз ин ҳудуд ронд. Худи онҳо низ оҳиста-оҳиста кӯчида рафтанд. Ба ҷои онҳо Сафаралибой мардуми деҳаи Чангони Сариҳосорро овард. Нахустин муҳоҷири чангонӣ бобои Қодир ҳисоб меёфт. Ӯ яке аз шогирдони раиятпарвари бобои Эшон ва Сафаралибой буд. Нақл менамоянд, ки ӯ боре кутали Шар-Шарро наҳамида ба ҷавони гирёну нолон равона дучор омад. Асли воқеаро пурсид. Фаҳмид, ки роҳзанон завҷаашро кашида гирифта бурдаанд. Ҳамаи корро монда, суроғ ба суроғ ба деҳае меояд. Дар чорроҳа занаке сари роҳ нишаста чарха мересид. Ба як нигоҳ Қодир ҳис кард, ки кампир ҷосус аст. Аз ӯ бо забони тоҷикӣ об пурсид. Занак бо забони ӯзбекӣ ӯро ҳақорат дод. Қодир занакро ба ҷафо кашид, кӣ буданашро пурсон шуд ва тарси куштан дод. Занак аз хавфи ҷон иқрор шуд, ки ҷосуси дастаи дуздон аст ва ҷои занаки рабудашударо ошкор кард. Аз паи занак Қодири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё