Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

нодонӣ, дар олам ҳамин ду табақа аст: амалдор ва бесаводони мазлум!

  • Агар беҳад дарди сарат шуда бошам, меравам хонаи хешои очам! - аз ҷой зуд бархост Ҳалимамо.

  • Не, хафа нашав, духтарам, дар омади гап гуфтам, - ҳиҷолат кашид Қосим.

ХОСТГОРӢ

Дар ҳамин муноқиша буданд, ки ба ҳавлии бародарон Исмоил, Назар ва Сафаралибой ворид гаштанд. Ҳалимамо ба хонаи дигар гузашт. Меҳмононро ба ҳуҷра бурданд.

  • Э, хайрият, туқсаборо дар хонааш пайдо кардем-е, як пиёла чояшро нӯшида мешудааст-да, - хандид Сафаралибой, - Хафа нашав, дасти хушк наомадаем, ху, ана, савғотимон, - ба ду гӯсфанди калони пешопеши ҷавоне воридшаванда ишора кард бой.

  • Албатта тӯҳфаи дӯстон бетамаъ набудагист. Хайр, шӯхӣ кардам, азизон, хуш омадед. Рости гап бояд бармаҳал андозҳоро ба Балҷувон мебурдам, лекин ба ҷанҷоле банд шудам. Чанд вақт боз як масъала сари ҳамаамонро гаранг кардааст. Ҳамаи шумо фарзанддор, соҳиби оила ҳастед, мо ки хешу таборем сирри пинҳонӣ надорем. Духтар бева мешудааст, тағир меёфтааст. Оре, ин акнун на он духтарест, ки то шавҳар карданаша буд. Боз нозу нузи бачаша намегӯй?

  • Киро дар назар доред, туқсабо?

  • Духтарам Ҳалимаморо.

  • О, тез ба шавҳар деҳу ҷоната халос кун, - маслиҳат дод Исмоил.

пешина
аз 176
навбатӣ