Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
хотири олимони бузурги худро пос медорему рӯи қоғаз меоварем. Иншоаллоҳ ба ин васила рӯҳи онҳо шоду масрур мегардаду ба кори мо баракат мерезад.
Эшони Ҳасани Ҳосӣ, Сархатиби Масҷиди ҷомеъи деҳаи Раҳмонбердии ноҳияи Восеъ, 76-сола.
ҲАЗРАТ МУРИДИ ПАДАРАМ БУДАНД
Падарам Абдулҳай муриди падари Ҳазрати Эшони Алаасп — бобои Холмаҳмад буданд. Пирарашон Абдулмаҷид «Қуръон»-хони бемисл буданд, барои ман пир ҳисоб мешаванд. Амаки ман Мулло Сироҷ ҳам муриди Ҳазрат буданд, баъди интихоботи Совети Олӣ соли 1937 ҳамроҳи Саъдуллобой ва Аҳмад бадарға шуданд ва дигар барнагаштанд. Аҳли оилаи мо соли 1958 аз Парронақ ба совхози боғу токпарварӣ кӯчидааст. Бо фарзандонам Саттор, Довудхӯҷа, Сафархӯҷа дар ободонии хоҷагӣ саҳмгузор ҳастем.
Аслан, сабабгори кӯч бастани мо ба таҳдашт собиқ директори ҳамин совхоз шодравон Султон Кабиров мебошад. Худораҳмати марди ободкунанда, меҳнатӣ буданд. Падарашон Кабир дар Парронақ яке аз муридони писандидаи Ҳазрати Эшон ба шумор мерафтанд, ҳамзамон ба дигар рӯҳониёни тобеот таваҷҷӯҳ дошта, мудом кӯмак мерасонданд. Худи Султони Кабир ҳам то дами марг хидмати фарзандони Ҳазратро ба ҷо меоварданд.
Солҳои зиёде аз он айёми ҳам ширину рангин, ҳам пурфоҷиа гузаштанд. Дар ин миён чанд сол пеш ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. То фарзандони барӯманди миллат дами ин ҳодисаи нангину шумро гирифтанд, ки ҳазорон хонаводаҳо бе саробон, фарзандони мо сагиру ҷавонмарг шуданд. Мани пир баъзан ба худ савол медиҳам, ки чаро ин ҳодисаи нангин сар зад? Кӣ гунаҳкори ин фоҷиа буду ҳаст? Ва як ҷавоб меёбам: Мо ҳисси худшиносии ва худошиносии қавӣ надоштем. Солҳои тӯлонӣ, баъди хомӯш намудани шамъи роҳнамои мо - олимон, адибони миллатдӯст, моро ба ин роҳгумӣ андохтанд, оҷизу кӯр карданд. Ба силоҳи дасти бегонагон табдил ёфтем, бо ишораи ғаразҷӯёни бадхоҳи беруниву дохилӣ ба сӯи якдигар теғ кашидем. Ин самараи хилофи мо ба гуфтаҳои Худову Расул буд ва бояд ба наслҳои минбаъд ҳушдор диҳад, ибрат шавад, то тифоқ бошанд. Аз ин лиҳоз омӯзиши рӯзгори уламову удабои гузашта ва ҳозира хеле зарур, таълифи китоби ҳаёти онҳо кори хеле савоб аст, то ки боз раҳгум назанем.
Султони Абдулҳай сокини совхози боғу токпарварии ноҳияи Восеъ, 97 сола.
Поёни китоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё