Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

хизмат анҷом ёфт, факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба сомон расонида, дар сохтмони шаҳри Кӯлоб кор кардам.

Бобои ЭШОНА дидаем, аммо чеҳрааш ба ёдамон нест. Ҳамин қадар медонам, ки хурду калони қавми мо то ҳозир муриду дӯстони фарзандони онҳо ҳастем. Наберааш Хайруллои Маҷид мисли бобояш марди олиҳиммату саховатпеша аст. Аз он шукргузорем, ки падарони мо дар хизмати ин марди бузург будаанд ва шафоати дуояшон то ҳоло ба мо мерасад.

Ҳоҷӣ Қодири Қаюм,
сокини шаҳри Кӯлоб, 72 сола.

ДАР ХИЗМАТИ ҲАЗРАТИ ЭШОН БУДАМ

  • Ман молбонии Ҳазрати Эшонро ба ҷой меовардам. Мардаки хоксор буд, асло то қатиш намешиштӣ, намегуфтӣ, муллоҳай. Ба ёд дорам, вақте ки бори аввал милиса бо либоси деҳқонӣ омад, дар миёни чанд меҳмон Ҳазрат ӯро шинохту гуфт:

  • Бигир баччам, чою нон бихӯр, ту барои бурдани ман омадай, ҳоло мехезему меравем.

Милиса гаранг шуд. Чеҳраи бобои Эшон ба ёдам ҳаст. Қоматаш миёна, гарданаш баланд, пешонааш васеъ, пахтаворе рӯяш сафед, ситорагарм, риши калони давра, чашмони сиёҳу бинии баланди уқобӣ доштанд. Дар тобистону зимистон челаку ҷомаҳои хушдӯхт мепӯшиданд. Ба ороиши пероҳанашон басо аҳамият медоданд, шишту хезашон шинаму хушоянда буд. Аспаш баъди маҳбасшавиаш аз Кӯлоб омад, холӣ.

пешина
аз 176
навбатӣ