Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ТаърихҚисса
Аз аввал хонданҲАМСОЯГИИ НЕКЕ ДОШТЕМ
- Падари ман низ яке аз сӯфиёни Ҳазрати Эшон буданд, бо тавсияву роҳнамоиашон аз Ховалинг ба Каримбердӣ омаданд. Дар ҳамсоягии мо қариби Галахирмани ӯзбекҳо, ки баъдтар бобои Эшон он ҷо хона андохт, бобои Муҳиддин, Абдулҳай, Ҳофиз, Мӯъмин, Мулло Исмоил, Мулло Сайидаҳмад зиндагӣ мекарданд. Ба ёдам ҳаст, бобои Эшон дарвозаи калон дошт, аз ҷониби дасти рости он масҷиди дарозе сохт. Толибилмони зиёде ба он ҷо барои сабакгирӣ меомаданд, аз ҷумла мани хурдакак ҳам гоҳ-гоҳ мерафтам. Вақте Эшонро гирифта бурданд, мо мехостем ба Афғонистон гурезем, аммо дар сарҳад моро манъ карданд, баъд хонаамонро дуздон ғорат сохтанд, падарам аз таъқибу сӯиқасди ҳукумати шӯроҳо тарсид, охир ӯ муриди маҳбуби Ҳазрат ба шумор мерафт. Бемор шуду аз дунё гузашт. Аҳволи муллоҳо, мардуми босавод он рӯзҳо тоқатфарсо буд. Дар хотирам ҳаст, ки домуллои Қизилбӯйнок Ҳазрати Ҳикматулло, ки аз ҳамсабакони устод Айнӣ ва Эшони Алааспа буданд, ранҷи гуруснагӣ мекашиданд. Бо онҳо рафтуомад манъ, гуноҳ буд. Аҳволи бади рӯзгор ӯро маҷбур намуд, ки як рӯз гилемашро гирифта, ба пеши раиси колхоз Назар овард, то дар ивазаш гандум бигирад. Назар мардаки худотарсе буд, гирист, қолинашро нагирифт, гандум дод. Аммо домулло қаҳр карда арз намуданд, ки ин гандум ҳаққи мардум аст ва ӯ, ки дар парвариши он саҳмгузор нест, набояд муфт соҳиби он бишавад, ба ин тартиб гандум ҳаром мешавад. Раис ноилоҷ қолини

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё