Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
мадрасаҳои Бухоро буд, боре дар яке аз сӯҳбатҳои муллобачаҳо ширкат меварзаду Сайидро мебинад, меҳри бемисле дар қалбаш пайдо мегардад ва ӯро ба шогирдӣ мепазирад. Бо як бор нишон додан шарҳу эзоҳи сатрҳо, калимаву ибораҳо дар майнаи шогирдаш нақш мебаст ва устодро ба ваҷд меовард. Баробари ин ӯ ба корҳои хонаи устод ҳамеша кӯмак мерасонид.
Тибқи ривояти шоҳидон, пири комил Шоҳ Яҳсии Бухорой қитъаи замини калоне дошт, ки аз даромади ҳосили он рӯз мегузаронид. Аммо дар натиҷаи кишти такрории бегизо самараи замин, дарахтонаш торафт камтар мешуд. Рӯзе аз пир дарак ёфт, ки ба замини вақф порӯ зарур аст. Ӯ кӯлоҳу чакманашро ба бар карда, ҷӯволи калонеро сари китф бардошта, бо ғайрати тамоми ба ғизодиҳии боғу замини вақф шурӯъ кард. Шарикдарсон - муллобачаҳои таҳҷой, ки бе ин ҳам аз истеъдоди фитрии ӯ дар оташи ҳасад месӯхтанд, аз дур ба ҳаракаташ нигариста, нописандона писханд мезаданд:
- Халифа Сайиди Хатлониро илм бардоштааст, Маҷнун шудааст. Ина бинед-е, як талабаи аълохони мадраса порӯ мекашонад, ё тавба! Эй, рӯи ту барин муллобача дар гӯр, обрӯи моро резондӣ!
Ӯ ба ҳамаи ин пичингу таънаҳо бепарво буд. Мақсади волои ӯ хизмат ва ба даст овардани дили пири комил буд ва дар ин роҳ сахт ҷаҳду талош дошт. Мунофиқон бошанд ҳамоно барои бадномсозии ӯ ҷон мекоҳониданд.
Боре пир дар хонааш маъракаи калоне орост. Чун толибилмони ба хизмат даъватшуда расиданд, пир рӯ ба Халифа Сайид оварда гуфт:
- Дар ҳамин ҷо мешинӣ, писарам, сарфу харҷи маърака бар дӯши туст, фаҳмидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё