Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ҚиссаТаърих
Аз аввал хонданСОҲИБКАРОМОТИ АСИЛРО ДИДАМ
- 16-уми майи соли 1921 аз Қурғонтеппа ҳайати полк ба Кӯлоб омад. Он ҷо мардуми бечораву бегуноҳро саросар қатл менамуданд. Дар ҳамин ҷои ҳозираи шӯъбаи алоқаи вилояту шаҳр хона доштем. Чун омад-омади салоти рус шуд, маро аз мурӣ гурезонданд, азбаски вақти намозашон фаро мерасид, падару амакам болои ҷойнамоз ба саҷда нишастанд. Ҳамин вақт пешрави салот расиду ҳардуи онҳоро болои ҷойнамоз парронда, ба шамшер пораашон карданд. Дар ин вақт бобои Нозим гуфтанӣ ҳамсоямон медарояд, ӯро ҳам мепарронанд. Гуноҳи ҳар сеи онҳо ҳамин буд, ки тибқи эълони пешакӣ бояд мардуми ҷонибдори ҳукумати шӯравӣ дар банди дасташон латтаи сурх мебастанд. Номбаршудагон дар вақти намоз ин латтаҳоро аз бозувонашон кушода буданд. Шоҳидони ин ҳодисаҳо ҳоло ҳам дар қайди ҳаётанд. Шаҳидонро дар боғамон мадфун карданд. Ба ёдам ҳаст, шабонгоҳ аз болои гӯр шӯълаи кабудҷатобро медидам. Касе, ки бар мазори ин мардони худотарс беэҳтиромӣ кард, ба бало гирифтор шуд. Як дахмарда худсарона галаву рамаашро даровард, ҳамааш талаф шуд. Чанд бор хонаи моро канда, гӯрҳоро ҳамвор карданиву бино сохтани шуданд, аммо аз қаҳри арвоҳҳо тасмачархҳои трактор мешикаст, дар мегирифт, баъд кордор нашуданд.
Ман аз корманди оддии Прокуратура то рутбаи майорӣ расидам. Ростӣ гап аввалҳо ба маънои ҳукумати нав, истилои русҳо соз сарфаҳм намерафтам, мардума азоб медодам. Солҳои 1924 то 1938 бо 10-12 нафар калтакдорони сурх (он вақт дружиначиёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё