Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Айни замон Ҳоҷибибӣ ба синни мубораки 57-солагӣ қадам мезанад. Ӯ ифтихор аз он дорад, ки ду бобои ӯ хирадпеша, уламову хатмкардаҳои мадрасаҳои Бухороянд. Ӯ ба фарзандон аз боби заҳмати илмомӯзии ин пирони рӯзгор, айёми пуртаҳлукаи ҳаёташон, ки оқибат боиси фавт ва гурезогурези онҳо гашт, нақл мекунад.

Оре, имрӯз дар хазинаи ӯ ду ганҷи қимматбаҳо маҳфузанд: инҳо хатти иршоди бобоҳои авлиёзодааш мебошанд. Ҳоҷибибӣ имрӯз хонаи обод, ором, пурнозу неъмат, аз ҳама муҳимаш фарзандони солеҳу бомаърифат, инсондӯсту ободкунанда дорад ва аз ин мефахрад. Ба Худои азза ва ҷалла барои ин бахшишаш дуруду салавот мефиристад. Дар ҳаққи арвоҳи падару бобоҳои худоҷӯю худопарасту худотарсаш аз «Қуръон»-и азимушшаън пораҳо тиловат менамояд.

МУЛЛО НАЗАР

Писари бобои Назар - Абдувалӣ, ки сокини ноҳияи Фарҳор буда, ба синни мубораки 63-солагӣ расидааст, нақл менамояд, ки падараш акои Эшони Алааспа буд, аҳли оилаи онҳо 16 сол пеш аз Инқилоби Октябр ба Каримбердӣ кӯчида омадаанд. Тағои Абдувалӣ Карим, ки дар Пушёни Мобайн истиқомат менамуд, ҳар вақти ба осиёб рафтан бо 10-15 хар гандум мебурд, ҳамаи ин дар як моҳ дар хонаи бобои Эшони Алааспа, ки беҳад меҳмондор буд, харҷ мешуд.

Мулло Назарро бобои Эшон барои хоксориву иффати баландаш дӯст медошт. Ягона шахси ҳарамдарои

пешина
аз 176
навбатӣ