Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

маҳз дар ҳамин макон нахустин шуда, ташаббускори сохтани масҷиди ҷомеъ гардид. Оқибат даводавҳо ва азму талоши Махдум самар дод. Бо кӯмаки сокинони маҳаллаи Дашти Дилӣ бинои мӯҳташами масҷид бунёд гашту ба хизмати мусулмонон расид. Махдуми Нурулло, бародараш Хайрулло, Ҳикматулло дигар ақрабову муридони Махсуми Абдулмаҷиду Ҳазрати Эшони Алааспа аз ин ҳодисаи фарахбахш бағоят шоду мамнун гашта, мадад мерасониданд. Охир, чӣ хел хурсанд нашаванд, ки орзуи чандсолаи авлодашон ба бор омад. Чун сохтмони бинои боҳашамати масҷид анҷом ёфт, Махдуми Нурулло 50-60 нафар наврасонро дар масҷид ошкоро ба шогирдӣ пазируфт. Бе музду маош ба таълимашон пардохт. Айни ҳол бархе аз онҳо аллакай Донишгоҳи исломии шаҳри Душанберо хатм кардаанд.

Мардуми кӯҳансоли маҳаллаи Дашти Дилӣ низ ба ин ҳиммату ҷасорат, матонати Махдуми Нурулло аҳсан мехонанд:

  • Ростӣ гап, то ба ин ҷо омадани Махдуми Нурулло мо аз асосҳои илми ислом бебаҳра будем, сураҳои намозамонро дуруст намедонистем. Дар толеи баланди мо Махдум ҷасорат пайдо намуду бо ҳашар масҷид созонд. Аввалин кори неке, ки дар масҷид ба иҷро расонд, баъди ҳар намоз тафсиру ташреҳи сураҳои намоз, оятҳову ҳадисҳои «Каломи шариф» буданд. Чун ба қоидаву фарзияҳои ибтидоӣ сарфаҳм рафтем, аз тарзи сурахониҳои пештараи хеш шарм кардем. Оре, мо чӣ қадар аз илми ислом, асосҳои шариат дур будему ӯ моро наздик кунонд, - мегӯяд сокини Дашти Дилӣ Маҳмадуллои Наим.
пешина
аз 176
навбатӣ