Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанданд, онҳо дар роҳи дини ислом бар зидди болшевиқҳо мубориза мебаранд ва аз аъёну ашрофони қабилаҳои худ ёрӣ мебинанд. Шумо қаротогиён, ки ман аз он ҷо мебошам, натанҳо ёрӣ мерасонед, балки мехоҳед, ки ман аз ин кори муқаддас даст кашам, ба ҳукумати болшевикӣ таслим шавам. Як нимча чою як қадоқ тамоку чист, ки ҳаминро ҳам шумоён ба ман лоиқ намебинед. Ревкоми шумоён отрядҳо ташкил карда истодааст. Бинам канӣ кадоме аз шумоён ба ин отряд дохил шуда, ба муқобили ман теғ мекашед. Аввал ман сари якчанд тои шуморо аз дами теғ мегузаронам, баъд мебинам, ки кӣ зӯр мебарояд». (23).

Аз байни одамони дастгиршуда чунин садоҳо мебарояд: «Шумо чӣ гуна аскари исломед, ки пойтахти исломиатон дарак надорад, аз номи кадом давлат ҷанг карда истоданатон ҳам маълум не... Барои ин аҳвол мо як нимча чою як қадоқ тамокуро ба кадом кӯҳу пушта бурда ба шумо доданамонро намедонем... Бо пули ҳамон чою тамокуи аҷаловар ба зану бачаҳоямон луқмаи ноне ёфта, тинҷ зиндагонӣ кунем беҳтар не-мӣ?.. Худатон аз тарси аскари сурх чил пухшонаро киро мекунеду мехоҳед, ки мо мушхона ба мушхона шуморо кофта гашта ба шумо чою тамоку расонем...» (23).

Темур инро шунида боз ҳам хашмгин шуда, ба йигитҳояш фармон дод, ки гӯяндагони ин суханонро ёбанд. Лекин вақте ки босмачиён шамшерҳоро луч карда хостанд, ки ин гарданкашҳои нотарсро ёфта гиранд, ҳеҷ кас лаб накушод.

Синӣ бо фармони Темур босмачиён аз байни бандиён Раҳматулло Очилдиев (писари Очилдиафғон, ки лақаби падараш ҳамин хел буд ва дар гузари Обдузд истиқомат менамуд) ва Ғулом Саидовро (сокини гузари Хӯҷа Рӯшной) бо шамшер зада куштанд, гӯши Саид Турсунов (аз гузари Санги Кабуд), Алимардон Расулов (аз ҳамон гузар) ва Раҳимдӯлобро (аз гузари Юсуфбой) буриданд ва ришу абрувони ҳамаи боқимондагонро тарошиданд, ки дар байни онҳо Абдулкалта Зиёев (аз гузари Хӯҷа Рӯшной), Муллоҷӯрабой (аз гузари қорихона), Ашӯрҳофиз (аз гузари Обдузд) ва дигарон буданд.

пешина
аз 214
навбатӣ