Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
мекард ва дар ин ҷо мадрасаи калоне ҳам буд.
Баробари сар шудани басмачигарӣ дар Қаротоғ, Темур бо Турсуннонвой ном шахсе ба дастаи босмачиён ҳамроҳ шуданд.
Темур дар ҷангҳои зидди Армияи Сурх чандин бор сахт ярадор шуда, ба мансаби Қурбошигӣ ва «додҳо»-и расиду бо шайкаи худ дар кӯҳу даштҳои тумани Қаротоғ ба хунхӯрӣ ва ваҳшигарӣ ном баровард.
Ҳ. Мақсудов он вақт (солҳои 1924—25) раиси кумитети инқилобии (ревком) тумани Қаротоғ шуда кор мекард. Тумани Қаротоғ ба ҳайати вилояти Сариосиё (ноҳияи ҳозираи Узуни Узбекистон) дохил буд.
Темур аз босмачиёни дигари қабилаҳои узбек — барлосу мусобозорӣ ҳам дастаи калоне дошт ва зиёда аз 100 нафар йигити мусаллаҳ дошт. Темур мехост, ки аҳолии Қаротоғ ба вай ёрӣ расонад, аммо ин кор муяссар намегардид. Ӯро сокинони Қаротоғ ба таслим шудан ва даст кашидан аз ғоратгарӣ тарғиб менамуданд. Темур бошад ба куштукушӣ ва таъқиби девонавор сар кард. Аҳолии Қаротоғ ҳар ҳафта ба бозорҳои Регар ва Тӯда барои фурӯши маҳсули косибии худ рафта меомаданд. Темур қарор дод, ки агар ягона роҳи рӯзгузаронии қаротоғиён — роҳи бозорҳоро банданд, муваффақият ба даст меоварад.
Вай рӯзе ба дасти худ дар наздикии маҳаллаи Угрикул (роҳи Регар — Қаротоғ) 300—400 нафар бозорчиёнро дастгир намуда, ба ҷарии чуқуре мефарораду атрофро муҳосира карда бо овози баланд мегӯяд, «Касе ки Қаротоғӣ набошад, даст бардорад». Ҳамаи он шахсоне, ки берун аз Қаротоғ зиндагӣ мекарданд, даст бардоштанд. Темур мефармояд, ки ҳамаи одамони даст бардоштагӣ дасташонро поён накарда ба як тараф гузаранд. Дар майдон фақат қаротоғиён (зиёда аз 200 кас) мемонанд. Онҳо нағз медонанд, ки дар дами ҳалокат истодаанд, лекин ҳеҷ кадомашон худро ғайри қаротоғӣ нишон дода наметавонанд, зеро Темур онҳоро нағз мешиносад.
Баъд аз ин Темур ба қаротоғиён муроҷиат карда мегӯяд: «Дар ҳар як ноҳияю маҳалла аз ҳар гуна қабила аскарони ислом (яъне босмачиён Ҳ. М.)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё