Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ӯзбекистон калон аст. Хотираҳои Ҳ. Мақсудов дар мақолаҳои «Мудофиаи Қаротоғ» ва «Ташкил ёфта-ни отряди ихтиёрӣ» мухтасар ифода шудаанд.
Ҳизби Коммунистӣ ва Давлати Шӯроӣ хизматҳои ӯро дар назди халқ бо ордени «Ситораи Сурх», Гра-мотаи Фахрии Вазорати Маданияти ИҶШС қадр кар-дааст (22).
29 июли соли 1967 Ҳ. Мақсудов дар шаҳри Ду-шанбе аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар зодгоҳаш — Қаротоғ дафн намуданд.
МУДОФИАИ ҚАРОТОҒ (Хотираҳои яке аз рансони Кумитаи инқилобин тумани Қаротоғ).
Тобистони соли 1922 дастаҳои ғоратгари ҳомии боэътимоди империалистони хориҷии Анварпошо аз зарбаҳои ҳалокатовари қисмҳои Армияи Сурх дар хоки Тоҷикистон торумор гардиданд. Тӯдаҳои паро-кандаи Иброҳимбек аз он ҷумла, Темурқӯрбошӣ ва дигарон дар кӯҳу биёбон пинҳон шуданд, то ки ҷон ба саломат бибаранд ва марги ногузири худро ба қад-ри имкон дур андозанд.
Бо ҳамин дар водии Ҳисор, хусусан дар тумани Қаротоғ, якчанд вақт оромӣ ҳукмфармо шуд. Аммо дар охири соли 1922 ва аввали соли 1923 дар водии Ҳисор Темурқӯрбошӣ, Абдулазизқӯрбошӣ, Мулло Ниёз Ганчал ва дигарон йигитҳои парокандашудаи худро аз нав ҷамъ оварда, ба қишлоқҳо ҳуҷум кар-дан гирифтанд.
Ғоратгарон бо хунрезӣ дар байни оммаи халқ даҳшат ба амал оварда ва макру ҳилларо ба кор бур-да, сафи дастаҳои худро зиёд менамуданд.
Он вақт қисмҳои ҳарбии дивизияи 11-ум, ки бо табобатхонаи ҳарбӣ дар Қаротоғ меистоданд, аз ин ҷо рафтанд ва дар Қаротоғ якчанд нафар телефон-чӣ, се чор аскари бемору ярадор, бо ду ҳамшираи тиббӣ ва як табиб монда буд. Аз идораҳои шӯроӣ дар Қаротоғ Кумитаи инқилобии туман, шӯъбаи му-ҳофиза ва 3—4 милиционер, шӯъбаи озуқа ва шӯъ-баи нақлиёт вуҷуд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё