Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кумитаи инқилобии вилояти Сариосӯ шуда хизмат намуд. Солҳои 1924—25 раиси кумитаи инқилобии тумани Қаротоғ буд. Солҳои 1925—26 дар вазифаҳои инструктори шӯъбаи корҳои ташкилӣ, муваққатан раиси кумитаи инқилобии ҶАШС Тоҷикистон ва прокурори вилояти Ҳисор шуда хизмат намуд. Солҳои 1927—29 котиби кумитаи иҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа, солҳои 1929—30 котиби кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе буд.

Дар давоми солҳои 1930—1940 дар органҳои ГПУ, МГБ, МВД хизмат кардааст. Дар давоми солҳои 1940 то соли 1950 дар муассисаҳои савдои Тоҷикистон ва Узбекистон кор кардааст. Аз соли 1950 то соли 1958 дар нашриётҳои Давлатии Тоҷикистон хизмат намуд. Ӯ дар нашриёт кор карда истода, тамоми фаъолияти ҳаёти инқилобии худро бо «Даъвои гӯш» ном китобчааш ба аҳолии Тоҷикистон пешкаш намуд.

Ҳ. Мақсудов борҳо вакили анҷуманҳои ҶХ Бухоро интихоб гардидааст. Ҳиссаи Ҳ. Мақсудов дар барпо намудани Ҳокимияти Шӯроӣ дар Тоҷикистон ва

Ҳ. Мақсудов, А. Н. Валицев, Ҳ. Назаров, М. Раҳимӣ, Абдуллозода, Обидзода ва Н. Наҷмиддин — барқароркунадагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон.

пешина
аз 214
навбатӣ