Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар кафши занона роҳҳои гуногун ва гулҳои рангоранги риштагӣ дӯхта мешуд. Кафшдӯзҳо мувофиқи дархости харидорон барои арӯсҳо кафшҳои шинам медӯхтанд, ки баъзеи онҳо ғаҷҷас мезад.

Дар қатори кафшдӯзҳо боз мӯкидӯзҳо, чорукдӯзҳо, шипакдӯзҳо низ бо ҳунари худ шуҳрат пайдо карда буданд. Махсусан, мӯкӣ дар бозор харидори зиёд дошт. Сабаб он аст, ки мардуми кӯҳистонӣ барои бадошт будани чармаш онро мехариданд. Чорук бошад, ҳамчун пойафзоли сабук, бо пайтобаю чорукбанд пӯшида мешуд. Ҳамин тавр, кафшдӯзӣ дар Қаротоғ як соҳаи муҳими ҳунармандон буд. Дар айни замон, кафшу чорук, мӯкӣ ва маҳсии дастӣ дӯхташуда ягон-ягон мушоҳида мешаванд.

ҚАННОДӢ

Қаротоғ бо ҳалволю қандфудҳои лазизаш кайҳо боз байни мардуми водии Ҳисор ном баровард. Тоҳато дар асри XIX савдогарони Самарқанду Бухоро аз ҳалвою қандфудҳои Қаротоғ барои худ тӯшаи роҳ мегирифтанд. Дар гузашта ва имрӯз ҳам ин касб бисёр маъмул аст. Олотҳои асосии қаннодони қаротоғӣ, аз деги чӯянӣ, ҷилчӯб, кавча, ҷумча ва лаълии мис иборатанд. Қаннодони Қаротоғ бештар ҳалвоҳои кунчитӣ, лафз, пашмак, нишоло ва қандфудҳои қоғазпеч тайёр мекарданд.

Инак, усули кори яке аз қаннодони қаротоғӣ — Исмати Шоимқули 88-соларо нақл мекунем. Барои пухтани ҳалвои кунчитӣ, дар дег 25 килограмм шакар ва 6 литр об андохта бештар аз як соат меҷӯшонанд. Маҳсулоти тайёр шуда «қиём» ном дорад. Қиёмро аз дег фароварда хунук мекунанд. Дар деги дигар беҳро (решан гиёҳе, ки беҳ ном дораду аз худ шира ҷудо мекунад) андохта аз болояш об мерезанд ва бо ҷилчӯб онро мекобанд. Беҳ аз худ шира ҷудо мекунад ва он шира сахт мешавад. Баъд аз он беҳро бо қиём меомезанд ва дар зери дег оташ мезананд. Муддати 5 — 6 соат қиёму беҳро мекобанд. Қиёму беҳ шакли хамири сахтро мегирад. Баъди андаке хунук шудани он ба он кунчит андохта боз мекобанд. Дегро аз болои дегдон фароварда хунук мекунанду

пешина
аз 214
навбатӣ