Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Маро нест з-оҳангарӣ нангу ор,
Хирад бояду мардӣ, эй бодсор! (А. Фирдавсӣ).

Оҳангарӣ дар Қаротоғ ба шоҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ тақсим гашта буд: наългарӣ, мехчагарӣ, кордсозӣ, кетмансозӣ, чархкашӣ ба монандӣ онҳо.

Маҳсули дасти оҳангарон бештар аз 50—60 намуди олотҳоро дар бар мегирифт. Чӯянгарон, ҷуфту шамъ ва дег мерехтанд, оҳангарони дигар корд, кафгир, оташгирак, зулфак ва парчини дар, покул, кордча, чақмоқ, дарафшу тевана, досу такбур, тешаяю табар ва ғайраҳо.

Дар Қаротоғ номҳои оҳангарони шинохта: Усто
Қодир, Усто Ҷӯрабой, Усто Латиф, Усто Маъруф,
Усто Нозимҷон, Усто Меликбой, Усто Мирзоумар,
Усто Бобокалон ва чанде дигарон маълуманд.

Оҳангарон барои тамоми мардуми деҳа олоти рӯзгор месохтанд. Аз деҳаҳои самти шимоли Қаротоғ деҳқонон ба оҳангарон манкил меоварданд ва ба ивази он олоти дилхоҳ мегирифтанд.

Дар айни замон дар Музеи кишваршиносии ҷумҳурият ба номи Беҳзод намунаҳои олотҳои оҳангарии Усто Ҷӯрабой ба намоиш гузошта шудааст.

Дар айни замон аз 32 дӯкони оҳангарии Қаротоғ танҳо 2 дӯкони оҳангарӣ боқӣ мондаасту халос, ки ин дӯконҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳам кор мекунанд. Яке аз маҳаллаи Чармгарӣ — устояш Бобомурод, дигаре дар маҳаллаи Тошқӯргон — устояш Мирзоисо.

Пешрафти илму техника боиси аз байн рафта-- ни касби оҳангарӣ гашт ва аз тарафи дигар бозори оҳангарон коста шуд.

ЧАРМГАРӢ

Аз ибтидои асри XIX сар карда, то солҳои 50-
уми асри XX чармгарӣ дар Қаротоғ ривоҷу равнақ
дошт. Яке аз гузарҳои деҳа маҳз номи Чармгариро
гирифт. Чармгарон пӯсти ҳайвоноти хонагиро аз қассобон мехариданд. Дар назди маҳаллаи Чармгарон
қассобхона буд. Пӯстро чармгарон барои тайёр кардани

пешина
аз 214
навбатӣ