Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар назди устои оҳангар сандон дар кундаи чӯбин кӯфта мешуд. Ду тарафи сандон, ду оҳурак дорад, ки дар яке усто дар дигаре путкзан меистад. Барои усто путкзан ва дамгар кӯмак мерасонданд. Дар назди сандон мехи ғафси оҳанкаҷкунӣ ва деги оби хунук низ меистад. Деги об барои хунук кардани фулузи тафсон истифода мешуд.

Барои васл кардани як фулуз бо фулузи дигар оҳангарон танакордро истифода мебурданд. Ҳар ду оҳанро дар оташ сурх карда, дар рӯяш каме танакорд мерезанд ва аз нав ба қура меандозанд. Ҳар ду фулуз бо ҳамдигар васл мешаванд. Сандон ҳамчун такягоҳ барои ҳамвор кардану хояк бошад, барои ба шакл даровардани фулуз истифода мешуд.

Усули аз нав кор кардани фулузро «оташкорӣ» меноманд. Олоти кӯҳнашударо дар оташ аз нав кор карда, сайқал медиҳанд. Ва дар қисми тези он собун мемоланд. Собун имкон медиҳад, ки фулуз занг назанад.

Олоти дигари оҳангарӣ чарх аст. Чарх аз чӯби маҷнунбед ё арҷаю тӯгдона тарошида мешавад. Қисми доирашакли онро чарх ва тири онро навард мегӯянд. Чарх аз ду тараф тирҳои кӯтоҳи оҳанӣ дорад, ки ба поячарх пайваст мешавад. Аз наварди чарх тасмаи чармин ё пилтагӣ баста мешавад. Ҳангоми аз ду нӯги тасма бо навбат кашидан, чарх ба ҳаракат медарояд. Чархкашӣ тавассути усто, чархкаш ё шогирд ба ҷо оварда мешавад. Реги чарх аз регсангу қайроқсанг ва гили шишадор, ки дар наздикии деҳа ҳавза дорад, гирифта мешуд. Регсангро бо болға зада майда мекунанд ва онро аз элак ва ё аз дока мегузаронанд. Хокаи аз дока гузаронидаро дар рӯи санги махсуси регмолӣ ҳамвор мекунанд. Чархи доирашаклро елим карда, онро дар рӯи хокаи рег молиш медиҳанд. Рег ба елим мечаспад. Ҳамин амалиётро 3-4 маротиба такрор мекунанд. Бо ҳамин чархи регдор тайёр мешавад.

Олоти дигари оҳангарӣ қалами оҳангарист, ки он ду шакл дорад. Яке оҳанро мебурад, дувумин қаламе, ки чун мӯҳр гул мемонад. Оҳанбурӣ ё наққошии рӯи фулуз ҳангоми гарму сурх будани он ба ҷо оварда мешавад.

пешина
аз 214
навбатӣ